Шуъбаи ташхиси нурӣ

Home / Шуъбаи ташхиси нурӣ

Шуъбаи ташхиси нурӣ

Шуъбаи мазкур барои тахшиси  мақсаднок  ва  барои  муайян  намудани бемориҳо, махсус  бемориҳои  саратон  дар  аввали  пайдоиш ташкил карда шудааст. Дар шуъба таҷҳизотҳои нодиру ҳозиразамон  насб гардидаанд, ки бо истифода аз онҳо метавон бемориҳои гуногунро муайян кард. Аз ҷумла “Рентгени рақамии фароташхисӣ” (универсали), барои  фарогирии тадқиқоти нурии узвҳои  бемор аз қабили устухонхо, ҷафҳои бинӣ, системаҳои  нафаскаши, дил ва рагҳои хунгард, системаи ҳозима ва узвҳои пешоб хизмат мерасонад.

Томографияи магнити-резонанси (ТМР) бо ин дастгоҳ, узвҳои зарурӣи бемор  аз ҷумла системаи асаб майнаи сар, ҳаромағз, буғумҳои бадан, узвҳои ковокии шикам, паси сифоқпарда (системаи  пешоббарор)  муоина карда мешавад.

Томографияи Компютори (ТК) ин дастгоҳ дастгоҳи замонавии дорои 180 детектор буда бо истифодаи алгоритми таҷдиди (дигаркунанда-реконструксиони) conexact қобилияти дар ҳар  як гардиш  160 буриши узвҳои баданро дорад. Суръати баланди тобхурии дастгоҳ имкон медиҳад, ки вақти муоина кам гардида, натиҷаи ташхис зудтар ба даст ояд. Бо ин дастгоҳ системаи такягоҳ ва ҳаракат, косахонаи сар ва майнаи сар, узвҳои ҳозима, узвҳои пешоббарор системаи нафаскаши, дил ва рагҳои хунгард ташхис карда мешаванд.

Мамограф ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки  бемориҳои ғадуди ширӣ бо тарзи дақиқ ва дар  кунҷҳои дараҷанокии гунгун муоина карда шавад.

Ортопантограф ин дастгоҳ имконияти гирифтани аксҳои баландсифати тамоми дандоҳо, чоғи поён ва боло, чафҳои назди бинӣ, сар дар ду паҳлу ва панҷаи даст барои муайян намудани инкишофёби сину сол  бо нурафшонии камтарин ба беморон хизмат мерасонад.

Дастгоҳи рентгени- денталӣ ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки аксҳои баландсифати дандонҳо бо нурафшонии камтарин ба бемор ва мутахассис гирифта шавад.

Денситометр имконият медиҳад, ки зичии бофтаҳои устухон баҳо дода шавад. Ташхиси бармаҳал ва нусхабардории аксҳо бо сифати баланд бе гузаронидани амалиёти ҷароҳӣ, ҳолат ва зичии бофтаи устухон муайян карда шавад.