СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА   МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ.

СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ.

Санаи 22 июни соли равон бо сиёсати башардӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Муассисаҳои  тандурустии пойтахт маводҳои тиббию санитарӣ, лавозимот ва таҷҳизотҳои нави тиббӣ дастрас карда шуд.

Кӯмакҳои мазкур бо мақсади пурзӯр намудани пешгири аз паҳншавӣ ва муолиҷа аз бемориҳои сироятӣ ба беморон ва табибон пешбинӣ гардида шудааст. Аз ҷумла 200 дона дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (консентратори кислород 10L-OX-10A), ки нақши тавлид кардани ҳавои сунъиро дорад ва барои гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 бениҳоят зарур аст, инчунин 100 адад дастгоҳи ларингоскоп, 160 адад зарфи (баллон) кислороди ғунҷоишаш 40 литр бо таҷҳизоти интиқолдиҳанда, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мурратаб ва бо низом ворид намудани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ дастрас  карда шуд.

Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои     миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  барои муолиҷа ва табобати саривақтии бемории сироятии COVID-19 шароит ва имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасгардида дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе захира гардида,  дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешаванд.