Шиносоии табибон аз гиёҳҳои шифобахши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор.

Шиносоии табибон аз гиёҳҳои шифобахши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор.

1-уми сентиябри соли 2018 зиёда аз 20-нафар табибон ба хотири шиносои пайдо намуддан  бо  гиёҳҳои шифобахш ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисор сафар карданд.  Ин навбат табибон аз гиёҳҳои кокути, ковар, ангури сагак,  насрин, мастакӣ, хайрӣ, пудина, нарқайсар, роҳдавак, барги бед, марминҷони кӯҳию лаби ҷӯйи аз наздик шинос шуданд. Гиёҳшинос Ҳалимзода Муҳаммадшоҳ оиди хусусиятҳои шифобахшии гиёҳҳои мазкур ба табибон маълумоти муфассал доданд.

Бояд қайд намуд, ки гиёҳдармонӣ   яке аз маъмултарин намуди тибби халқӣ буда, ба воситаи он бисёр бемориҳо табобат карда мешаванд.  Табобат бо усули гиёҳдармонӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик маъмул буд.   Имрӯзҳо низ  дида мешавад, ки таваҷҷуҳи мардум ба  гиёҳдармонӣ баланд шудааст ва фоидаву нафъи гиёҳдармониро хуб эҳсос мекунанд.