Рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»дидан карданд. 09.08.2018 шаҳри Душанбе

Рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»дидан карданд. 09.08.2018 шаҳри Душанбе

Ҳайати хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, рӯзи 9-уми август расо соати 15:00  ба Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  ташриф оварда, аз рафти хизматрасонӣ ва ҳуҷраҳои ташхисию табобатии  ин кохи шифо дидан намуданд.  

Рӯзноманигоронро дар саҳни Маҷмаа роҳбарият ва шахсони масъул истиқбол гирифтанд.

Сипас, онҳо аз ин кохи шифо тамошо карда, аз дастгоҳу таҷҳизотҳои нодире, ки дар қисми ташхисгоҳи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” насп гардидаанд дидан намуданд.

Рӯзноманигорони ӯзбек на танҳо бо тамошои Маҷмаа аз он берун шуданд, балки барои ҳар яке аз онҳо дар бораи кор ва фаъолияти таҷҳизотҳои наспшуда маълумот дода шуд.

Инчунин меҳмонон аз гушаи фарҳангӣ, ки таҷасумгари расму оин ва анъаноти ниёгон буд дидан карда таасуроти нек бардоштанд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар ошёнаи дуюми қисми Ташхисгоҳ шуъбаи гиёҳдармонӣ  фаъолият мекунад. Меҳмонон аз шуъбаи мазкур дидан карда аз нушобаҳое, ки аз гиёҳҳои шифобахш омода карда шудабуд, пешкаши онҳо гардонида шуд.