Петер Буриан дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» иширок мекунад Июнь 19, 2018 08:44

Петер Буриан дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» иширок мекунад Июнь 19, 2018 08:44

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  Петер Буриан ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.

Инчунин зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.