Оғози сафари корӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  25.06.2018 06:59, шаҳри Истаравшан

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 25.06.2018 06:59, шаҳри Истаравшан

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни фархундаи миллӣ-Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва намояндагони аҳли ҷомеа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

Фазои шукуҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии Пешвои миллат нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқ ба фарзанди оқилу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат мебошад.

Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру тавоно, аз рӯӣ хиради азалии халқи тоҷик амал карда, ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардану таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ва минбаъд пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.

Истиқболи самимии намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан меҳру муҳаббат ва самимияти бепоёни халқ ба Президенти маҳбуби худ мебошад.