Мулоқот бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқот бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон

17 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, инчунин доир ба вазъи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат мухтасар маълумот дод.

Дар навбати худ вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ сокинони кишварро ба ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош намуда, ба хонадони тоҷикистониён хушбахтӣ ва саодати рӯзгор таманно кард.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба омода намудани мутахассисон дар самти тавонбахшӣ, ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа, ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ барои маъюбон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Ҳамзамон, дар анҷом ҷонибҳо барои эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.