Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи як қатор иншоотро дар маркази ноҳия ба сокинон муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки дар як муддати кутоҳ дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми он дар ҳамаи самтҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти ноҳияи Сангвор дар замони истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ қариб 300 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 90 миллиони он ба се соли охир рост меояд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Сангвор бо мақсади истиқболи шоистаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 77 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони 15 иншоот ба анҷом расонида шудааст.
Тайи солҳои 2016-2018 дар ноҳия дар доираи ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва идоракунии экологии замин маблағи 12 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозӣ барои азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзиву маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ 50 миллион сомонӣ равона гардида, татбиқи 2 лоиҳа ба маблағи қариб як миллион сомонӣ доир ба таъмиру таҷҳизонидани синфхонаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия идома дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили воқеии вазъи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид, барои рушду густариши бахшҳои картошкапарварӣ, занбуриасалпарварӣ, ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои табиӣ, бунёди боғоти нав, афзоиши чорво ва дигар соҳаҳо, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳо андешанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияи Сангворро ба риояи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳидоят карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳия донишҷӯ Лайло Идиева суханронӣ карда, ба Пешвои миллат барои ҳамаи талошҳову тадбирҳо созанда, дастгирии ҷавонон изҳори сипос карданд.