Қисмати расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт Июн 21, 2018 19:26

Қисмати расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» анҷом ёфт Июн 21, 2018 19:26

Шоми имрӯз қисмати расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ҳадафи он  пешбурди амал ва муколамаи  сиёсӣ оид ба об барои рушди устувор таъин шуда буд, бо қабули  се ҳуҷҷати ниҳоӣ анҷом ёфт. Санадҳое, ки дар Конфронс қабул  гардиданд:

  1. Эъломияи Конфронси Душанбе оид ба тавсияҳо барои амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028».
  2. Рӯйхати ташаббусҳо ва робитаҳои шарикӣ, ки иштироккунандагон дар ҷараёни Конфронс барои амалисозии Даҳсола ва дигар масъалаҳои дахлдор пешниҳод карданд.
  3. Хулосаи ҳамраисон, ки бо маълумоти асосии ҷаласаҳои Конфронси Душанбе.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон рӯзҳои 20-21 июни соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» баргузор гардид.  Дар Конфронси мазкур 1500 нафар  меҳмонон аз 120 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарон ва  намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Бонки умумиҷаҳонӣ, СААД, СҲШ, ИДМ, IFAS, институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, созмонҳои ҳавзаи об, институтҳои тадқиқотӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва олимон ширкат намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хамчунин, дар маросими ифтитоҳи Конфронси Душанбе  Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Жэнмин, Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) Мария Чатардова, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Раиси механизми «СММ- захираҳои обӣ» Жилбер Унгбо ва Ёвари Дабири кулли СММ ва Ҳамоҳангсози ҷунбиш барои тақвияти таваҷҷуҳ ба мушкилиҳои озуқаворӣ Герда Вербург суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаҳои пленарии Конфронси Душанбе 12 панел дар мавзӯъҳои дар соҳаи оби нӯшокӣ ва санитария, мудирияти  захираҳои обӣ (IWRM), самаранокӣ ва маҳсулнокии об, сифати об ва экосистемаҳо, афзоиши  иқтидор, аз ҷумла беҳтар намудани дониш ва таҳсилот, коммуникатсияи марбут ба об, тарғиб ва иртиботот, ҳамкориҳо дар соҳаи об, масоили вобаста ба об, озуқаворӣ, энергия ва муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ, устувории об дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо, маблағгузорӣ ва инфрасохтори устувор, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва дипломатияи об, масъалаҳои об барои қишри осебпазири мардум, инчунин муҳоҷирон ва паноҳандагон баргузор гардиданд.

Дар ҷаласаҳои мазкур муовинони сарвазирҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, вазирони аз 48 кишвари ҷаҳон  даъватшуда, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, созмонҳои илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилӣ бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар нишасти матбуотӣ ба муносибати анҷом ёфтани кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зикр карда шуд, ки Конфронс ба ҳадафҳои гузошташуда мувафақ гардид.

Хадафҳои дар назди Конфронс гузошташуда чунин маънидод карда шуданд: баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва босамари  Ҳадафи шашум ва дигар Ҳадафҳои рушди устувор, баррасии қадамҳои минбаъдаи Нақшаи амали Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ. Идома ва тавсеаи чорчӯби баррасиҳои Чорабинии сатҳи баланд оид ба ифтитоҳи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки  аз ҷониби Президенти Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк 22 марти соли 2018 тасдиқ шудааст.

Таъкид карда шуд, ки Конфронси Душанбе ҷиҳати фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об шароити зарурӣ ва саривақтӣ фароҳам овард.

Агарчӣ Конфронси Душанбе расман анҷом ёфта бошад ҳам, барномаҳои дигар идома меёбанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки пагоҳ барои меҳмонони Конфронси Душанбе сайёҳати шаҳри Ҳисор ва тамошои обанбори Норак ташкил карда шавад.