Табиби даруннигари дараҷаи олӣ, Пулотов К.Ҷ. дар Конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи: «Масъалаҳои мубрами тиб», «Форуми дуввумини ҳамрайъӣ оид ба солимии ҷомеа ва сиёсати тандурустӣ», ки аз 10 то 12-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон доир гардид иштирок намуд.
Тибқи иттилои дастрас дар кори конфронс зиёда аз 100 нафар намояндагони давлатҳои собиқ шуравӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд. Ташкилкунандагони конфронс ташкилоти ҷамъиятии «Табибони ҷавони Озорбойҷон» бо дастгирии шарикони асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Қазоқистони ҷанубӣ, Донишгоҳи миллии тиббии шаҳри Харкови Украина ва донишгоҳи тадқиқотии тиббии шаҳри Приволожск буданд.
Дар кори конфронс масъалаҳои стратегияи солимии ҷомеа ва сиёсати тандурустӣ, тибби инноватсионӣ, дастовардҳои тибби амалия, масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва табобати бемориҳо, масъалаҳои онкология, ҷарроҳия, солимии репродуктивӣ, алоимӣ метаболизм, осебшиносӣ ва тавонбахшӣ, омодасозии кадрҳои тиббӣ, технологияҳои инноватсионии таълим мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки конфронс дар сатҳи баланди илмӣ-амалӣ гузаронида шуда дар кори он олимону муҳаққиқони давлатҳои гуногун, аз ҷумла, Россия, Қазоқистон, Молдовия, Белорусия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар кори конфронс Пулотов К.Ҷ. дар мавзӯи «Амали даруннигарӣ дар мавриди ҷисмҳои бегонаи роҳҳои нафаскашӣ дар кўдакон» маърўза намуданд.
Ҳамзамон дар доираи конфронси илмӣ-амалӣ дар санаи 12-уми апрел «Тренинги симулятсионии ҷарроҳияи лапороскопӣ» доир гардид. Дар раванди машғулият дар ҳаҷми пурра дониш, маҳорат ва малакаҳои аввалини ҷарроҳияи лапароскопӣ азхуд карда шуд. Хусусан технологияҳои нави эндоҷарроҳӣ ҳангоми бемории чурраи сурохии сурхрўда ва слив-гастрэктомия мавриди омўзишу азхудкунӣ қарор дода шуд. Машғулиятҳои амалӣ бо азхудкунии малакаҳои аввалин тавассути машқкунакҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Олмон, “Карл-Шторс” гузаронида шуданд.
Дар фарҷоми тренинг ба иштирокчиён Сертификати ширкаткунанда супорида шуд.