Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17.08.2018 10:38, Ӯзбекистон

Гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17.08.2018 10:38, Ӯзбекистон

Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми ӯзбек дар назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ карданд.