Ҷарроҳии дил бо имкониятҳои худи, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”.

Ҷарроҳии дил бо имкониятҳои худи, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”.

Ҷарроҳии дил яке аз нозуктарин ва мушкилтарин амалиётҳо маҳсуб ёфта, аз табибон маҳорати баланди касбӣ талаб мекунад. Пештар шаҳрвандони мо барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳи бо маблағҳои зиёд ба хориҷӣ кишар сафар мекарданд, ки имруз хушбахтона ин амал дар ватани азизи мо бо нархҳои дастрас анҷом дода мешавад. Дар ин хусус  мудири шӯъбаи ҷарроҳии дил Каримов Эҳсон Эргашевич, чунин шарҳ дод !

Кардиоҷарроҳӣ яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” маҳсуб меёбад. Пӯшида нест, ки ҷарроҳии дил яке аз самтҳои нозуку муосир ва гаронарзиш буда, солҳои пешин сокинони эҳтиёҷманди кишвар барои гузаронидани ин қабил амалҳои мураккаби ҷарроҳӣ ба хориҷӣ кишвар сафар мекарданд, ки ба мушкилоти онҳо боз мушкилиҳои дигар  зам менамуд. Бо ба фаъолият пардохтани маҷмааи мазкур ва роҳандозӣ намудани ин амалиёт дар қаламрави кишвар ин мушкилоти мардум осон гардида, имрӯз гузаронидани душвортарин амалҳои ҷарроҳӣ дар дили кӯдакон ва калонсолон имконпазир гардидааст. Аз ҷумла имрӯзҳо дар шӯъбаи ҷарроҳии дили МД “МТ Истиқлол” мураккабтарин амалҳои ҷарроҳии дил ба амсоли шунтикунонӣ, аортокоронарӣ, тармим ва ивази ҳамаи дарғотҳои дил, амалиётҳои ҷарроҳи ҳангоми нуқсонҳои мураккаб аз қабили намуди пурраи маҷрои атриовентрикулярӣ, Тетрадаи Фалло, заҳбури аномалии шароини шушӣ, нуқсонҳои байни меъдачаҳо ва даҳлезҳои дил, имплантатсияи ЭКС, амалҳои мухталифи эндоваскулярӣ ва ғайра бо муваффақият ва натиҷаҳои назаррас гузаронида мешавад.

Қобили қайд аст, ки ҳамаи табибони ҷарроҳони дили Маҷмаа дар пешрафтатарин бемористонҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷарроҳи дил, н.и.т Каримов Эҳсон Эргашевич (мудири шуъба) дар Ҷопон, Олмон ва Шветсария,  ҷарроҳи дил, н.и.т. Аминов Рустам Саймуҳиддинович дар Олмон, ҷарроҳи дил, профессор Ганг Ҷу Чей дар Кореяи Ҷанубӣ, ҷарроҳи дил, н.и.т., дотсент Ворисов Алишод Алимардонович дар Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон такмили тахассус гузаштаанд. Натиҷаи босамари заҳматҳои онҳо буд, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолият аз тарафи ин мутахассисони  варзида бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ як қатор амалҳои ҷарроҳи дар дил, аз ҷумла амалҳои ҷарроҳии шунтикунонии бимамарии коронарӣ, аз як шараёни маммарӣ шунтикунонии ду шараёни коронарӣ, амалиёти муштараки протезкуни дарғоти материалӣ ва шунтикунонии маммарокоронарӣ ва ғайра роҳандозӣ гардидаанд.

Қобили қайд аст, ки бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  муаззами миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” дорои амалиётхонаҳои махсус гардонидашудаи дилу рагҳои хунгузар ва эндоваскулярӣ буда, бо муосиртарин асбоб ва таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Муҳайё намудани шароити мусоид барои амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ ва кардиоанестезиологияву кардиореаниматсия имкон дод, ки барои амали гардонидани кумакҳои башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ва иқдоми хайрхоҳонаи Ҳукумати шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаронидани амалҳои мураккаб ба кӯдакони табақаи камбизоат маҳз ин Маҷмаа интихоб гардида, дар ҳамоҳанги бо мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ  амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шавад. Ҳамасола дар Маҷмаа бештар аз 80 амалиётҳои мураккаб дар дил бо натиҷаҳои назаррас гузаронида мешавад.

Эҳсон Эргашевич дар ҷарроҳии шунтгузории аортокоронарӣ дар дили коркардаистода иваз ва тармими клапанҳои дил, ҷарроҳии рафъи нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳӣ дар шоҳрагҳо, шоҳраги қафаси сина ва шоҳраги шикам, инчунин дар шараёнҳои коротидӣ, ҷарроҳихо дар дил бо усули эндоскопӣ ва видеоассистентсия  ҳамто надорад, ҳамчунин амали бартараф кардани шоҳраг бо усули гузоштани стентро низ дар сатҳи баланд анҷом медиҳанд.

Натиҷаи дастовардҳои ин ворисони ҳақиқии Сино бошад, пайваста дар маҷаллаи “Паёми Истиқлол” ва дигар маҷаллаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ба табъ мерасанд.