Алиева Зулфия Ҷумаевна

Асосӣ / Алиева Зулфия Ҷумаевна

Алиева Зулфия Ҷумаевна 2-юми марти соли 1969 дар ш.Кулоб дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Аз соли  1976 то соли 1986  мактаби миёнаи № 11-и ш.Қурғонтепаро бо медали тилло хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба ДДТТ дохил шуда, соли 1992 бо ихтисоси кори табобатӣ донишгоҳро хатм намудааст. Баъди гирифтани ихтисос  дар Маркази Ҷумҳуриявии  ташхиси беморӣ ба ҳайси табиби функсионалӣ фаъолияташро оғоз намуд. Соли 1993 то 1995 дар диспансери касалиҳои қалбии  вилояти Хатлони ш.Кулоб ба ҳайси табиби қалбшинос кор кардааст.

Аз соли 1999 то 2004 табиби ташхиси фуксионалӣ ММТ кор карда,  соли 2004 ба вазифаи мудири шуъбаи ташхиси функсионалии ММТ таъин шудааст.

Аз соли 2004 аъзои ҲХДТ ва дар се давр намоянда аз ҲХДТ вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе мебошад.

Аз соли 2015 раиси комисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ ҳифзи модар ва кӯдак мебошад.

Рисолаи номзадии худро соли 2013 ҳимоят карда, айни ҳол номзади илмҳои тиб ва соли 2015 бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аълочии тандурустӣ мебошад.

Дар вақти фаъолияти корӣ  як чанд маротиба  савияи дониши хешро берун аз кишвар сайқал дода, бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо тахассуси илми касбӣ сарфароз гардонида шудааст.

Номбурда бо қарори Раиси ш.Душанбе аз санаи 01.03.2016 ба вазифаи сартабиби қисми ташхисгоҳи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таъин шудааст.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд.