Ҷаласаи тантанави бахшида ба рӯзи қабули Конститутсия

Ҷаласаи тантанави бахшида ба рӯзи қабули Конститутсия

Рӯзи 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 24 сол пур мегардад. Ба даст овардани Истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокиямияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Бахшида ба 24-умин солгарди қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷаласаи тантанави баргузор гардид. Дар оғоз ди⁠ректори Муассиса  Абдулозода Ҷамолиддин Абдуллоевич аҳли нишастро ба муносибати 24-умин солгарди ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат таҳният намуда, иброз дошт, ки маҳз қабули Конститутсия сабаб шуд, то дар як мудати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа аз ҷумла ҳаёти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ рушд намояд. Ҳамчунин иштирокчиён дар мавзӯи нақши Конститутсия дар роҳи ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон ҳарф заданд. Гуфта шуд, ки ин хуҷҷати такдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва хамкорӣ дар Аврупо номбар гардид. Шак нест, ки иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳрези шуд, рамзҳои соҳибистиқлолии давлат, Нишон, Парчам, Суруди Миллӣ қабул карда шуданд, артиши миллӣ ва қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, системаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлат ба роҳ монда шуд, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд, шиносномаи миллӣ тасдиқ гардид.
                Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Қабули он дар таърихи навини кишвар руйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Дар сархати 2-юми моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инчунин, дар сархати дуюми моддаи дуюми Конститутсия қайд шудааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомати доимӣ ва муваққатӣ мекунанд, озодии забони модариро кафолат додааст. Қайд гардид, ки ҷашни 24 солагии Конститутсия боз як фурсати мувофиқе шуд, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем.