Год: 2020

Асосӣ / 2020
Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср” дар шаҳри Хуҷанд 15.10.2020 11:33, шаҳри Хуҷанд
Запись

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср” дар шаҳри Хуҷанд 15.10.2020 11:33, шаҳри Хуҷанд

15 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии “Шифобахши Аср”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маркази нави ташхисию табобатӣ дар 3 ошёнаи аввали бинои 9-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст. Ҳадаф...

Ифтитоҳи Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён, коргоҳи дузандагӣ ва тақдими туҳфа ба 150 нафар ятими кулл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15.10.2020 10:01, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Запись

Ифтитоҳи Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён, коргоҳи дузандагӣ ва тақдими туҳфа ба 150 нафар ятими кулл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15.10.2020 10:01, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии Суғдиёнро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд. Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ...

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 15.10.2020 08:46, шаҳри Хуҷанд
Запись

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 15.10.2020 08:46, шаҳри Хуҷанд

15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд. Пешвои миллат, Президенти...

Мулоқот бо бунёдкорони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 14.10.2020 17:08, шаҳри Роғун
Запись

Мулоқот бо бунёдкорони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 14.10.2020 17:08, шаҳри Роғун

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд,...

Суханронӣ дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 14.10.2020 14:34, шаҳри Роғун
Запись

Суханронӣ дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 14.10.2020 14:34, шаҳри Роғун

Ҳамватанони азиз! Чорабинии муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои хотирмоне гардид, ки дар он мардуми шарифи тоҷик пуштибониву садоқати худро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлоли хеш бори дигар исбот карданд. Дар ин рӯз...

Шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо дар НБО “Роғун” 14.10.2020 12:12, шаҳри Роғун
Запись

Шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо дар НБО “Роғун” 14.10.2020 12:12, шаҳри Роғун

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчунин ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд. Корҳои сохтмону васлгарӣ дар Толори  мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Сохтмони иншоот...

Шиносоӣ бо корҳо дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ 3 ва СТ 4-и НБО “Роғун” 14.10.2020 11:33, шаҳри Роғун
Запись

Шиносоӣ бо корҳо дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ 3 ва СТ 4-и НБО “Роғун” 14.10.2020 11:33, шаҳри Роғун

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 боздид карданд. Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст. Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарӣ ва шахтаҳои обрасони НБО “Роғун” 14.10.2020 11:28, шаҳри Роғун
Запись

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарӣ ва шахтаҳои обрасони НБО “Роғун” 14.10.2020 11:28, шаҳри Роғун

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо  ҷараёни корҳо дар нақби  нақлиётии  Т-18,  нақбҳои обрасони агрегатҳо ва  шахтаҳои турбинаҳои  Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки  бо  суръат  идома  дорад, шинос шуданд. Дар қитъаи дигари сохтмони иншооти обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳ, аз  ҷумла камераи васлгарӣ низ фаъолияти коргарону мутахассисон назаррас буда, то ...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун” 14.10.2020 11:08, шаҳри Роғун
Запись

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун” 14.10.2020 11:08, шаҳри Роғун

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд. Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар  иншооти оқабулкунаки доимӣ  аз  ҷониби  коргарону мутахассисони  Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ориёно” бо суръат идома дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз фаъолияти коргарону...

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум (СТ-4)-и НБО “Роғун” 14.10.2020 09:52, шаҳри Роғун
Запись

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум (СТ-4)-и НБО “Роғун” 14.10.2020 09:52, шаҳри Роғун

Дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО-и “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гардидааст, дарозии иншооти мазкур 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад....