Месяц: Сентябрь 2020

Асосӣ / 2020 / Сентябрь
Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 11:24, ноҳияи Мастчоҳ
Запись

Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 11:24, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд. Бинои нави  кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст. Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...

Ба истифода додани корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар” дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 11:21, ноҳияи Мастчоҳ
Запись

Ба истифода додани корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар” дар ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 11:21, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Комбинати шири Душанбе”...

Боздид аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 09:26, ноҳияи Мастчоҳ
Запись

Боздид аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 09:26, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ...

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 08:28, ноҳияи Мастчоҳ
Запись

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ 14.09.2020 08:28, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд. Мактаби мазкур барои 1200 хонанда...

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории “Суғдиён-Свердловск” 14.09.2020 08:20, ноҳияи Мастчоҳ
Запись

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории “Суғдиён-Свердловск” 14.09.2020 08:20, ноҳияи Мастчоҳ

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд. Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд. Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити  зиндагии сокинон, ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан...

Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим 13.09.2020 09:08, ноҳияи Зафаробод
Запись

Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим 13.09.2020 09:08, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд. Корҳои сохтмони иншооти мазкур 10...

Ифтитоҳи Корхонаи коркардаи шири ҶДММ “Шири Зафаробод” дар ноҳияи Зафаробод 13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод
Запись

Ифтитоҳи Корхонаи коркардаи шири ҶДММ “Шири Зафаробод” дар ноҳияи Зафаробод 13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд. Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир,...

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Диёр” 13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод
Запись

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Диёр” 13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд. Ноҳияи Зафаробод дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар...

Суханронӣ ба муносибати 5500 — солагии Саразм 12.09.2020 19:06, шаҳри Панҷакент
Запись

Суханронӣ ба муносибати 5500 — солагии Саразм 12.09.2020 19:06, шаҳри Панҷакент

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс — Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм...

Мулоқот бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм 12.09.2020 19:02, шаҳри Панҷакент
Запись

Мулоқот бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм 12.09.2020 19:02, шаҳри Панҷакент

12 сентябр дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати 29 — солагии истиқлоли давлатӣ ва 5500-солагии Саразм...