Месяц: Ноябрь 2018

Асосӣ / 2018 / Ноябрь
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 14.11.2018 11:19, шаҳри Душанбе
Запись

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 14.11.2018 11:19, шаҳри Душанбе

14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...

Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик 10.11.2018 17:22, шаҳри Душанбе
Запись

Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик 10.11.2018 17:22, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон — Рӯзи милитсияи тоҷик табрик гуфта, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саломатӣ ва дар фаъолияти хизматиатон комёбиҳо орзу менамоям. Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту...

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 10.11.2018 16:10, шаҳри Душанбе
Запись

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи милитсияи тоҷик” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 10.11.2018 16:10, шаҳри Душанбе

10 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомади бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон...

Оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав дар шаҳри Душанбе  09.11.2018 13:05, шаҳри Душанбе
Запись

Оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав дар шаҳри Душанбе 09.11.2018 13:05, шаҳри Душанбе

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Сарвари давлат иттилоъ...

Муаррифии лоиҳаҳои иншооти нав дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе 09.11.2018 12:17, шаҳри Душанбе
Запись

Муаррифии лоиҳаҳои иншооти нав дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе 09.11.2018 12:17, шаҳри Душанбе

9 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии...

Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.11.2018 10:58, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.11.2018 10:58, шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 9-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи...

Ифтитоҳи бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 09.11.2018 10:43, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи бинои маъмурии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 09.11.2018 10:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мазкур иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти...

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 08.11.2018 20:15, Қазоқистон
Запись

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 08.11.2018 20:15, Қазоқистон

Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус...

Сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 08.11.2018 11:31, шаҳри Душанбе
Запись

Сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 08.11.2018 11:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...