26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» оғози расмӣ бахшиданд. Корҳои бунёдӣ дар ин гармхона соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Қобил ба...
Иштирок дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд 26.03.2020 10:29, шаҳри Хуҷанд
Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеъи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид. Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама,...
Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд 26.03.2020 10:23, шаҳри Хуҷанд
26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик...
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 25.03.2020 20:17, шаҳри Гулистон
25 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,...
Иштирок дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир — Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 25.03.2020 12:44, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд. Замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи...
Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен 25.03.2020 12:42, ноҳияи Спитамен
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и деҳоти Тағояк дидан намуданд. Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро, ки бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола парвариш мекунанд, ба намоиш...
Иштирок дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен 25.03.2020 12:40, ноҳияи Спитамен
Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд. «Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва 18...
Боздид аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен 25.03.2020 12:37, ноҳияи Спитамен
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон», ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд. Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, ки...
Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен 25.03.2020 10:01, ноҳияи Спитамен
Устодони муҳтарам, падару модарон ва фарзандони азиз! Пеш аз ҳама, шумо — ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, кормандони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки муътабартарин ойини ниёгони мо ва беҳтарин маҳсули тафаккури бузургони тамаддунсозамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Наврӯз бо вуҷуди ойини куҳанбунёд буданаш, суннати ҳамешаҷавон аст ва дар...
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен 25.03.2020 09:59, ноҳияи Спитамен
25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ...









