Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба ифтихори 32-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи пуршукуҳ баргузор гардид.
Ҷаласа бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Рустамзода Хуршед — Директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро бо 32-юмин солгарди ин санади таърихӣ муборакбод намуд.
Дар ҷаласа мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шамсзода Сайдалӣ Сафар иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки 6 — уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳие ба вуқъ пайваст, ки дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне қабул гардид, ки мамлакат дар гирдоби мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт ва бенизомию якдигарнофаҳмӣ дар кишвар ҳукмрон буд. Новобаста ин мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ ва беадолатиҳои он замон раванди таҳияи ин ҳуҷҷати муҳиму асосӣ ҷараён гирифта, бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳбарии комиссияи Конститутсиониро ба уҳда доштанд, масъалаи таҳияи Конститутсия бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои миллии тоҷикон ба миён гузошта шуд ва бо шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардум тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ин ҳуҷҷати сарнавишсоз баҳри устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
Қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз Конститутсия метавонад дар эъмори давлати навин, бақои пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ нақши муҳим дошта бошад.
Конститутсия дар баробари санади муҳими ҳуқуқӣ эътироф гардиданаш, ҳамчунин ормонҳои миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва роҳи пешрафти давлатро дар худ таҷассум менамояд.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия аҳамияти муҳим дошта, барои пойдории истиқлолияти давлатӣ, таъмини низоми ҳуқуқӣ ва муайян намудани рушди самтҳои мухталифи ҷомеа имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Конститутсия дар баробари ҳамчун қонуни асосӣ эътироф гардиданаш роҳнамои зиндагии осоишта, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию ҳамрайъии мардум буда, мардуми шарифу шарафманди тоҷикро ба сӯи музаффарият ва рушду тараққии ҷомеа раҳнамун месозад.
