35 — СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — РОҲИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ!

35 — СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — РОҲИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ!

МО БОЯД ВАТАНИ ХУДРО СИДҚАН ВА БАРОБАРИ ҶОНИ ХЕШ ДӮСТ ДОРЕМ, ВАТАНДӮСТУ МЕҲАНПАРАСТИ ВОҚЕӢ БОШЕМ, ШУКРОНАИ НЕЪМАТИ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСИ ИНСОНӢ, ЯЪНЕ СОҲИБВАТАНӢ ВА ОЗОДИРО БА ҶО ОВАРЕМ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи пуршукӯҳ баргузор гардид.

Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Баъдан муовини якуми директори Муассисаи далатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлоол” Сафарзода Имрон ҳозирин ва меҳмононро ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро аз номи худ ва роҳбарияти Маҷмаа бо ин ҷашни пурифтихор табрику маҳният намуд.

Иброз гардид, ки Истиқлолият ба миллат, пеш аз ҳама, имкони интихоби роҳи худ аст. Интихоби он ки чӣ гуна давлат созад, чӣ гуна зиндагӣ кунад, кадом арзишҳоро ҳифз намояд ва барои фарзандони худ чӣ гуна оянда бисозад. Барои тоҷикон, ки дар тӯли асрҳо забон ва фарҳанги худро ҳамчун сутуни ҳастии миллӣ нигоҳ доштаанд, соҳибистиқлолӣ имкони воқеии эҳёи давлатдорӣ ва таҳкими мавқеи миллиро фароҳам овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолиятро дар шароити печидаи сиёсиву иҷтимоӣ истиқбол гирифт. Барои нигоҳ доштани давлат, барқарор намудани оромӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа неруи бузурги сиёсӣ ва иродаи устувор зарур буд. Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан муҳим гардид. Сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайгиронаи ӯ барои барқарории субот ва таҳкими давлатдорӣ ба марҳилаи нави ҳаёти кишвар роҳ кушода, дар фазои орому осуда тадриҷан роҳҳои нав бунёд шуданд, муассисаҳо фаъол гардиданд, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд карданд ва кишвар қадам ба қадам симои худро дигар намуд.

Аммо истиқлолият танҳо ба даст овардани як санади ҳуқуқӣ ё эълони соҳибихтиёрӣ нест. Истиқлолият имтиҳони бузурги таърих аст. Миллат бояд дар ин имтиҳон собит созад, ки метавонад тақдири худро ба дасти худ бигирад, давлат созад, қонунро эҳтиром кунад, сулҳро ҳифз намояд ва барои наслҳои оянда мероси шоиста ба ҷой гузорад.

Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд зиндагӣ мекунем. Маҳз истиқлолият буд, ки ба мо имкон дод худро бишносем, роҳи худро равшан кунем ва ба сӯи оянда бо эътимод равем. Акнун масъулияти насли имрӯз аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, онҳоро барои фардои беҳтар тақвият бахшад.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нигоҳ доштани истиқлолият ва рушди минбаъдаи он масъулияти на танҳо ҳукумат, балки ҳар шаҳрванди мамлакат аст. Истиқлолият рамзи озодӣ, ваҳдат, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди тоҷик бояд ин неъмати бебаҳоро бо ифтихор қадр намуда, дар ободии Ватан ва пойдории истиқлолият саҳм гузорад.

Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати мост. Онро бояд ҳамчун сарвати гаронбаҳотарин ҳифз кунем, пос дорем ва ба наслҳои оянда бо сари баланд ба мерос гузорем.

Дар охир аз тарафи маъмурият ва ҲХДТ дар нохияи Фирдавсӣ ба як қатор кормандони соҳа ба муносибати ин санаи таърихӣ барои фаъолияти пурсамар сипосномаю ифтихорномаҳо супорида шуд.

Аз ҷумла аз тарфи намояндаи ҲХДТ дар нохияи Фирдавсӣ Шамсулзода Саидалӣ Сафар  ифтихорномаи ҳизб ба кормандони фаъол ва инчунин  нишони аълочи соҳаи тандурустӣ ба  Раҳимов Акбаршоҳ ва ба ғолиби озмуни шаҳрии сарҳамшираи беҳтарин Тошева Мунира ифтихорномаҳо супорида шуд.