ҶАЛАСА ВОБАСТА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВАЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

ҶАЛАСА ВОБАСТА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВАЛАТИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Имрӯз 05.06.2026 бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илми тиб, дотсент Рустамзода Хуршед дар маҷлисгоҳи Маҷмаа ҷаласса баргузор гардид.
Дар ҷаласа нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) баррасӣ гардид.
Мудири шӯъбаи Иттилоотии Маҷмаа Усмонзода М.Ф. дар баромади худ кайд намуд, ки нақша чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли равон тасдиқ гардида, аз 72 банд иборат мебошад.
Усмонзода М.Ф. иброз намуд, ки масъалаи мубориза бо коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2026–2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, ҳадафи асосии он тақвияти шаффофият, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҳамаи бахшҳо мебошад.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа низ таъсиргузоранд. Аз замони тасвиби «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» дар таърихи 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуданд.
Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки барои ба таври мукаммал амалигаштани Стратегияи мазкур тамоми шуъбаю бахшҳои Маҷмаа муаззаф мебошанд.