Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба муносибати 29-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷаласаи пуршукуҳ баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии “Маҷааи тандурустии Истиқлол” номзади илми тиб, дотсент Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуданд.
Дар ҷаласаи мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷиистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шамсзода Саидалӣ Сафар иштирок ва суханронӣ намуд.
Рустамзода Хуршед ҳозиринро бо ҷашни барои мардуми кишвар азизи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва руйдоди фараҳбахш, ки бо ташаббуси нави Тоҷикистон бахусус талошҳои пайдарпаи Президенти сулҳпарвару сулҳовар Пешвои миллат муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, табрику муборакбод намуданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда, маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Асосгузори Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо Рӯзи Ваҳдати миллӣ як рӯзи бузург буда, он на танҳо барои ба хотир овардани воқеаҳои муҳими таърихии ҷумҳурӣ, балки таваҷҷуҳи тамоми шаҳрвандони кишварамонро ба аҳамияти ваҳдату иттиҳод равона кардан пешбинӣ менамояд. Танҳо дар дӯстӣ ва хамфикрӣ метавон тамоми мусибатҳоро паси cap карда, ба ояндаи дурахшон пеш рафт.
Қувваи миллати мо маҳз дар ягонагӣ аст. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми кӯшишҳоро барои ҳифз доштан ва таҳким бахшидани меърос ба харҷ диҳем. Ин қарзи муқаддас ва масъулияти пуршарафи ҳар яки мардуми мост.
Ба шарофати суботу оромӣ дар ҷомеа, дастгирии ҳамдигар ва меҳнати созанда мо тамоми мушкилотро паси сар карда ба ҳадафҳои худ мерасем.
Дар фарҷом ба як қатор нафароне, ки тоза ба сафи ҳизб пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.