28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд. Сарвари давлат аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, ки барои таҳкими пояҳои иқтисодии...
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 28.05.2020 08:54, ноҳияи Ҷайҳун
28 май баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд. Дар намоишгоҳ кишоварзон намудҳои гуногуни маҳсулотро ба маъраз гузоштанд. Ноҳияи...
Боздид аз ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии заррин” дар ноҳияи Ҷайҳун 28.05.2020 08:52, ноҳияи Ҷайҳун
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуданд. Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” соли 2013 тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон...
Боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун 28.05.2020 07:58, ноҳияи Ҷайҳун
28 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзии Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” ва боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” аз соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумии онро 6 гектар замини корами обӣ...
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 28.05.2020 06:57, ноҳияи Ҷайҳун
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.05.2020 18:12, шаҳри Душанбе
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар...
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр 23.05.2020 07:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям. Имсол мардуми сайёра, аз ҷумла мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти...
Боздид аз як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе 20.05.2020 17:38, шаҳри Душанбе
Имрӯз, 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир...
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20.05.2020 14:36, шаҳри Душанбе
Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ! Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад. Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо...
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75 — солагии Рӯзи Ғалаба 09.05.2020 10:59, шаҳри Душанбе
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 — солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузоштанд. Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе...









