НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲАИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ ИСТИҚЛОЛ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲАИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ ИСТИҚЛОЛ

Имруз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷаласаи Шӯрои тиббии муассиса “Оид ба таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Маҷмааи тандурустии Истиқлол ва нақшаҳо то охири соли ҷорӣ” баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Сафарзода Имрон ифтитоҳ намуд.

Таъкид гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсии давраи ҳисоботӣ эътирофи байналмилалии ташаббуси сулҳпарваронаи кишварамон буд. 25 июни соли 2026 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаеро қабул намуд. Тибқи он солҳои 2027–2036 «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон гардиданд. Қабули ин қатънома аз эътирофи таҷрибаи беназири сулҳофарии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ин санаи таърихӣ ба зиммаи ҳар яки мо, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, масъулияти иловагӣ мегузорад. Вазифаи мо ҳифзи сулҳу субот, саломатии насли наврас ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолият аст.

Фаъолияти Маҷмаа дар 9 моҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025, Кодекси тандурустӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва фармоишҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, инчунин қарори Шӯрои тиббии мо аз 24 июли соли 2026, №03 ба роҳ монда шуд.

Дар 9 моҳи соли 2026 ба Маҷмаа 47 400 нафар муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 661 нафар ё 5,9% зиёд аст. Афзоиш пурра аз ҳисоби кӯдакон ба амал омадааст: муроҷиати кӯдакони то 18-сола 13,6% зиёд шуда, ба 23 982 нафар расид, дар ҳоле ки муроҷиати калонсолон амалан дар сатҳи соли гузашта (23 418 нафар) боқӣ монд.

Дар давраи ҳисоботӣ 33 669 бемор бистарӣ шуданд (2025 – 32 652; +3,1%), аз онҳо 68% сокинони шаҳр ва 32% сокинони деҳот мебошанд. Иҷроиши нақшаи кори катҳо дар Маҷмаа 126,1%-ро ташкил дод (соли 2025 – 120,3%), яъне фонди кат бо сарбории зиёда аз меъёр истифода мешавад. Муддати миёнаи бистарӣ 6,1 рӯз ва гардиши кат 50,1 мебошад.

Натиҷаи муҳимтарини давраи ҳисоботӣ – коҳиши фавти беморхонавӣ мебошад. Дар 9 моҳ 247 ҳолати фавт (фавт 0,7%) ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2025 (277 ҳолат; 0,8%) 30 ҳолат ё 10,8% кам аст. Ин коҳиш ҳам дар байни кӯдакон (150 → 133), ҳам дар байни калонсолон (127 → 114) мушоҳида мешавад.

Шумораи умумии ҷарроҳиҳо 6 821 (+1,4%), аз ҷумла ба кӯдакон 2 136 (+7,6%) ва ба калонсолон 4 685 ҷарроҳӣ иҷро гардид; фаъолнокии ҷарроҳӣ 60,0% буд. Махсусан қайд кардан бамаврид аст, ки фавти баъдиҷарроҳӣ қариб се маротиба коҳиш ёфт – аз 72 то 24 ҳолат, аворизҳои баъдиҷарроҳӣ аз 10 то 6 ҳолат кам шуданд. Аз 2 901 ҷарроҳие, ки иҷрои онҳо бо усули каминвазивӣ имконпазир буд, 2 341 ҷарроҳӣ ё 80,6% бо технологияҳои каминвазивӣ анҷом дода шуд (соли 2025 – 61,2%). Ин нишондиҳанда натиҷаи мустақими сиёсати пайгиронаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар муассиса мебошад.

Ҳамзамон бояд самимона эътироф намуд, ки шумораи мудохилаҳои ангиографӣ аз 1 862 то 1 284 (−31%), стентгузории шараёнҳои коронарӣ аз 691 то 380 (−45%) ва сеансҳои гемодиализ аз 1 868 то 1 387 (−25,7%) кам гардиданд. Ин раванд пеш аз ҳама бо ба таври қатъӣ риоя намудани нишондодҳои клиникӣ ба мудохилаҳои инвазивӣ мувофиқи тавсияҳои клиникии муосир алоқаманд аст. Дар натиҷа миқдори муоинаҳои ангиографии бе зарурат ва ташхисии беасос коҳиш ёфт. Тамоюли пастшавии сеансњои гемодиализ аз беҳтар гардидани ташхиси барвақт ва табобати консервативии беморони гирифтори бемории музмини гурда шаҳодат медиҳад.

Дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо боқӣ мемонад. Дар 9 моҳ ба 17 497 нафар – шахсони дорои маъюбият, кӯдакони то 1-сола, оилаҳои камбизоат, пиронсолони аз 80-сола боло ва ятимон – ба маблағи умумии 3 593 775 сомонӣ доруворӣ ройгон ҷудо карда шуд. Бештари маблағ ба кӯдакони то 1-сола (6 329 нафар; 1 071 273 сомонӣ) ва кӯдакони дорои маъюбият (2 336 нафар; 638 716 сомонӣ) рост меояд.

Кумитаи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷмаа 2 958 аъзо (96,1% кормандон) дорад. Дар давраи ҳисоботӣ соатҳои сиёсӣ, вохӯриҳо бо ҷавонон оид ба пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, тарғиби либоси миллӣ ва арзишҳои фарҳанги тоҷикона мунтазам гузаронида шуданд. Дар ҷаласаҳои пагоҳирӯзӣ масъалаҳои одоби муошират бо беморон ва наздикони онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд – зеро сифати хизматрасонӣ на танҳо бо натиҷаи табобат, балки бо муносибати хушу самимӣ ба бемор низ муайян мегардад.

Дар 9 моҳ кормандони Маҷмаа 4 монография, 6 дастури тиббӣ, 37 мақола ва 34 фишурда омода намуданд, 2 шумораи маҷаллаи «Паёми Истиқлол» нашр гардид. Дастовардҳои муҳимтарин – ҳимояи 3 рисола: рисолаи доктории Мирзоев Д.С. ва рисолаҳои номзадии Моёнова Ш.Ш. ва Сафарзода И.С. Дастури методии «Таъмини амнияти эпидемиологии мудохилаҳои даруннигарии ғайритамизӣ дар узвҳои меъдаю рӯда ва роҳҳои нафаскашӣ» бори аввал дар ҷумҳурӣ таҳия гардида, 16 сентябр барои ҳамшираҳои шуъбаҳои эндоскопии муассисаҳои шаҳр семинари амалӣ гузаронида шуд.

Ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ идома дорад. Дар пойгоҳи Маҷмаа кафедраҳои тахассусӣ фаъолият намуда, донишҷӯён, ординаторон ва интернҳо таҷрибаи амалӣ меомӯзанд. Вазифаи мо – табдил додани Маҷмаа ба пойгоҳи пешқадами клиникию илмӣ мебошад, ки ҳар як навгонии ҷоришуда бо таҳқиқоти илмӣ ва нашрияҳо асоснок карда шавад.

Муовини якуми директори Маҷмаа иброз намуд, ки натиҷаҳои 9 моҳ дар маҷмӯъ қаноатбахш мебошанд, вале барои ҷамъбасти шоистаи сол мо бояд дар семоҳаи охир ба масъалаҳои зерин диққати асосӣ диҳем:

1. Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ.

2. Татбиқи системаи муосири идоракунии иттилоотӣ ва густариши раванди рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, дастрасии маълумоти тиббӣ, беҳтар намудани назорати сифати хизматрасонӣ ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».

3. Тақвияти фаъолияти илмӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илми тиб ба амалияи ҳаррӯзаи муассиса, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос. пурра иҷро намудани нақшаи такмили ихтисос ва дараљанокї то 100%.

4. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ тавассути такмили ихтисоси кормандон, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, инчунин истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ.

5. Беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти қисмҳои табобатию ташхисӣ, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии истифодаи катҳои беморхона, коҳиш додани коҳиш додани фавт, сатҳи оризаҳои баъдиҷарроҳӣ ва таҳкими назорати сифати хизматрасонии тиббӣ.

6. Тақвияти чораҳои пешгирии бемориҳо, ташхиси барвақтӣ ва расонидани кӯмаки босифати тиббӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, пиронсолон, кӯдакон ва дигар шахсони ниёзманд.

7. Мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассиса, аз ҷумла навсозии таҷҳизоти тиббӣ, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ барои кормандон ва беморон.

Муовини якуми директори Маҷмаа қайд намуд, ки боварӣ дорам, ки ҳайати бонуфузи Маҷмаа бо ҳисси баланди масъулият, касбияти хос ва садоқат ба касби шарифи табибӣ вазифаҳои гузошташударо то охири сол бо сифати баланд иҷро намуда, ба беҳтар гардидани саломатии аҳолии пойтахт ва кишвари азизамон саҳми арзанда хоҳад гузошт.