Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илми тиб, дотсент Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни соҳавӣ табрику таҳният намуданд.
Рустамзода Хуршед иброз намуданд, ки тибқи анъана, ҳамасола 18 август — рӯзи мавлуди Пири ҳакимони машриқзамин, нобиғаи бузурги илму маърифат ва асосгузори тибби классикӣ Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Имсол аз зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино — устоди забардасти табибони ҷаҳон — 1045 сол пур мешавад. Ҷашни Рӯзи табибон дар соли равон барои аҳли соҳаи тандурустӣ боз ҳам аҳамияти бештар дорад, зеро маҳз дар ҳамин сол бо ташаббуси созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026, ин ҷоиза бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб таъсис ёфта, барои он Фонди махсуси ҷоиза ташкил карда мешавад. Ин иқдоми таърихӣ арҷгузории шоиста ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб ва тандурустии ҷаҳонӣ буда, ҳамзамон идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти рушди илму маориф ва муаррифии дастовардҳои тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дарвоқеъ, Абӯалӣ ибни Сино нобиғаи барҷастаи давру замонҳо буд, ки бо асарҳои безавол, андешаву кашфиётҳои илмии худ номи миллати моро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст. Мероси илмии ӯ, бахусус дар соҳаи тиб, на танҳо ба рушди илми замони худ таъсири бузург гузошт, балки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш ва таҷрибаи тиббӣ барои табибони кишварҳои гуногун хизмат намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Абӯалӣ ибни Сино асарҳои оламшумуле офаридааст, ки онҳо барои миллати тоҷик ва тамоми аҳли башар туҳфаи арзандатар аз дурру гавҳар, аз зару зевар ҳастанд».
Ин суханон бори дигар собит месозанд, ки номи Абӯалӣ ибни Сино барои миллати тоҷик танҳо мояи ифтихор аз гузашта нест, балки рамзи пайванди таърихии миллат бо илму дониш, маърифат ва хидмат ба инсоният мебошад.
Имрӯз таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ин пайванди гузашта ва ояндаро боз ҳам устувор менамояд. Агар ҳазор сол пеш Абӯалӣ ибни Сино бо чароғи хирад ва дониш роҳи илми ҷаҳониро равшан намуда бошад, имрӯз номи ҷовидонаи ӯ ҳамчун рамзи илму маърифат ва пешрафти тиб ба насли нави олимону табибон барои кашфиётҳои нав ва хидмати боз ҳам бештар ба инсоният неру мебахшад.
Басо рамзист, ки ворисони ҳақиқии Шайхурраис дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои гиромидошти номи ин фарзанди фарзонаи миллат корҳои шоистаеро ба сомон расонидаанд. Номгузории калонтарин муассисаи таълимии тиббии кишвар — Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудани яке аз ноҳияҳои калонтарини пойтахти азизамон ба номи ин фарзанди фарзонаи миллат, дар шаҳру ноҳияҳои гуногун қомат афрохтани пайкараҳои ӯ ва номгузории кӯчаву хиёбонҳо ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷумлаи чунин иқдомҳои шоиста мебошанд.
Ҳамзамон, бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қарорҳои дахлдор даҳҳо кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, омӯзишгоҳу донишкадаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои дигар ба номи ин нобиғаи хирад гузошта шудаанд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон низ номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи илму маърифат ва саҳми бузурги тамаддуни Шарқ дар рушди илми башарӣ зиндаву ҷовид мебошад.
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи бузурги ин алломаи беҳамто ҳамчун нишони абадият ва ифтихор аз гузаштагони бофарҳангу донишманди миллати тоҷик побарҷост.
Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон таъкид намудаанд: «Шумо бояд доим дар хотир дошта бошед, ки пайравони Синои бузург мебошед».
Ин таъкид барои ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург низ мебошад. Зеро пайрави Сино будан маънои пайравӣ аз илму дониш, инсонпарварӣ, масъулиятшиносӣ, ҷустуҷӯи доимии роҳи нави табобат ва содиқ будан ба рисолати муқаддаси ҳифзи саломатии инсонро дорад.
Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Боиси сарфарозист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои рушди он, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тадбирҳои пайваста меандешад.
Дар ин замина, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб қадами муҳим дар роҳи дастгирии илми тиб, ҳавасмандсозии олимону муҳаққиқон ва табибони соҳибтаҷриба ва таҳкими мақоми Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси бузурги илмӣ ва тиббӣ мебошад. Ин иқдом инчунин барои муаррифии бештари номи Абӯалӣ ибни Сино ва осори илмии ӯ дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боиси тазаккур аст, ки дар қатори дигар ворисони Абӯалӣ ибни Сино саҳми ҳайати кормандони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» низ дар ҳама самтҳои фаъолияти касбӣ назаррас буда, кормандони муассиса пайваста барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонии ҷомеа саъю талош менамоянд.
Имрӯз, баъди даҳ соли фаъолияти пурсамар, Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба яке аз бузургтарин ва муосиртарин марказҳои табобатӣ, илмӣ ва таълимии кишвар табдил ёфта, ҳамчун намунаи равшани татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи тандурустӣ хизмат менамояд.
Танҳо 5 соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷмаа 25 номгӯй таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ворид ва насб гардид.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рушди ҷарроҳии баландтехнологӣ ва каминвазивӣ мебошад. Дар муассиса амалиёти мураккабу нодири ҷарроҳии дил, аз ҷумла шунтгузории коронарӣ, иваз намудани даричаҳои дил ва ислоҳи нуқсонҳои модарзодӣ бомуваффақият анҷом дода шуда, ҳамасола садҳо кӯдакони ниёзманд аз ҷарроҳии ройгони дил баҳравар мегарданд.
Дар шуъбаи эндоваскулярӣ стентгузории рагҳои дил, аорта, мағзи сар ва гурда, гузоштани электрокардиостимулятор ва табобати нуқсонҳои модарзодии дил дар навзодон ба роҳ монда шудааст. Дар соҳаи нейроҷарроҳӣ бошад, усулҳои муосири эндоскопӣ, микроҷарроҳӣ ва эндоваскулярӣ, аз ҷумла табобати аневризма, омосҳои мағзи сар, бемориҳои рагӣ ва тромболизиси инсулти ишемикӣ татбиқ мегарданд.
Шоистаи таъкид аст, ки ҳиссаи амалиёти каминвазивӣ дар шуъбаи ҷарроҳии батн аз 34 фоиз дар солҳои 2016–2017 то 88,6 фоиз дар соли 2026 расонида шудааст. Дар ҷарроҳии қафаси сина низ амалиёти нодири трахеопластика ва тармими сурхрӯда бо технологияҳои эндоҷарроҳӣ иҷро мешаванд.
Дар самти урологияи кӯдакон усулҳои нави каминвазивӣ ҷорӣ гардида, дар урологияи калонсолон технологияи лазерии MiLEP барои табобати ғадуди простата татбиқ шудааст. Ҳамчунин, дар соҳаи осебшиносӣ ва раддодӣ амалиёти муосири артроскопӣ ва эндопротезкунии тоталии буғуми зону ба роҳ монда шудааст.
Дастовардҳои ҷарроҳии кӯдакон низ назаррас буда, имрӯз амалиёти муосири табобати атрезияи сурхрӯда, бемории Ҳиршпрунг, нуқсонҳои модарзодии роҳҳои пешоб ва нуқсонҳои аноректалӣ бомуваффақият анҷом дода мешаванд.
Маҷмӯи ин дастовардҳо нишон медиҳад, ки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди ҷарроҳии баландтехнологӣ ва расонидани ёрии тиббии махсусгардонидашуда мавқеи пешсафро дар кишвар касб намудааст.
Ҳамаи ин дастовардҳо далели онанд, ки мактаби тиббии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар роҳи рушди ҷарроҳии муосир ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ мавқеи пешсафро дар ҷумҳурӣ касб намудааст.
Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» имрӯз на танҳо маркази муосири ташхису табобат, балки муассисаи муҳими илмӣ-таълимии кишвар низ мебошад. Дар заминаи он 21 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамояд.
Дар давоми фаъолияти муассиса 120 нафар табибон дар марказҳои пешрафтаи тиббии хориҷи кишвар такмили ихтисос намуда, дониш ва таҷрибаи бадастовардаи худро барои ҷорӣ намудани технологияҳои нави тиббӣ дар кишвар истифода мебаранд.
Дар тӯли даҳ соли фаъолият дар муассиса 10 монография, 72 дастури таълимию методӣ, 28 мақолаи илмии КОА, 282 фишурдаи илмӣ ва 6 навоварии илмӣ-амалӣ таҳия гардида, 3 рисолаи докторӣ ва 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудаанд.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» имрӯз ба як маркази воқеии пайванди илм, таълим ва таҷрибаи амалии тиббӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин пайванди илм ва амалия рӯҳи мактаби Абӯалӣ ибни Синоро таҷассум менамояд.
Дар назди Маҷмаа ҳамчунин Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ бо 38 автомашинаи махсусгардонидашуда шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати фаврии тиббӣ мерасонад. Навсозии мунтазами парки нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо дастгирии Роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имконият медиҳад, ки ёрии тиббӣ ба аҳолӣ сари вақт ва бо сифати баланд расонида шавад.
Имрӯз ҳазорон нафар шаҳрвандон дар ин муассиса аз хизматрасонии баландихтисоси тиббӣ баҳравар шуда, садҳо амалиёти мураккабе, ки қаблан танҳо берун аз кишвар анҷом дода мешуданд, дар дохили Тоҷикистон бомуваффақият иҷро мешаванд.
Ин ҳама дастовардҳо барои мо, кормандони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бештар барои рушди минбаъдаи тибби миллӣ мебошанд.
Имрӯз ҳар яки мо бояд ба номи бузурги Абӯалӣ ибни Сино, ба мероси гаронбаҳои илмии ӯ ва ба дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар бо эҳсоси баланди масъулият муносибат намоем. Зеро мо — табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ — идомадиҳандагони мактаби бузурги тиббие ҳастем, ки Абӯалӣ ибни Сино поягузори он ба шумор меравад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии кишвар ва Шумо — ҳамкорони азизу иззатмандро ба муносибати Рӯзи табибон самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи тоза, масъулияти баланди касбӣ, дастовардҳои назаррас ва дар фаъолияти пурифтихору пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигузор меҳнати ҳаррӯзаи Шумо дар роҳи ҳифзи саломатии мардум, идомаи мактаби бузурги Сино ва рушди тибби миллӣ ҳамеша самарабахш бошад!
Бигузор номи ҷовидонаи Абӯалӣ ибни Сино барои ҳар як табиб чароғи илму маърифат, намунаи баланди инсонпарварӣ ва сарчашмаи илҳом бошад.
Бигузор роҳатон дар роҳи пешгирӣ, ташхису муолиҷаи беморон ва солимгардонии ҷомеа мисли хилъати сафедатон сафеду равшан ва пурсаодат бошад!


