22 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукуҳу байналмилалии Наврӯз ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд. Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти давлату ҳукумати...
Ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз ва боздид аз намоишгоҳи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 22.03.2020 11:05, шаҳри Гулистон
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди қоғазро ифтитоҳ карда, бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр шинос шуданд. Коргоҳи нав дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сахо ва компания” аз ҷониби соҳибкорон оилаи Қосимовҳо таъсис ёфтааст. Маҳсулоти...
Оғози фаъолияти ҶДММ “Мурғи аълосифат” дар шаҳри Гулистон 22.03.2020 10:10, шаҳри Гулистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғози расмӣ бахшиданд. ҶДММ “Мурғи аълосифат” дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии стратегияи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардида,...
Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон 22.03.2020 09:16, шаҳри Бӯстон
Дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бунёд...
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон 22.03.2020 09:15, шаҳри Бӯстон
Имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз...
Ифтитоҳи корхонаи хусусӣ оид ба истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд 22.03.2020 09:10, шаҳри Бӯстон
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ “Сифат пласт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти коргоҳи нав ва маҳсулоти ниҳоии он шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Тавре маълум гашт, ҶДММ “Сифат пласт” ба истеҳсоли қубурҳои пластикии...
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд 22.03.2020 09:05, шаҳри Хуҷанд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият...
Мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18.03.2020 14:17, шаҳри Душанбе
18 март дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ,...
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар 18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе
Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ! Ҳамватанони азиз! Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз — соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад. Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям....
Иштирок дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17.03.2020 13:59, шаҳри Душанбе
17 март ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми даъвати...









