26 апрели соли 2019 дар Маркази ҳамоиши миллии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” оғоз гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, инчунин роҳбарони ташкилоту...
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25.04.2019 15:30, Чин
25 апрел дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқоти гарму самимӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ ва...
Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 25.04.2019 15:24, Чин
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми...
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой 25.04.2019 08:24, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ “Як камарбанд-як роҳ” ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии...
Мусоҳиба бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин 22.04.2019 08:47
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд. Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ...
Суханронӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳри Душанбе зимни ба истифода додани Амфитеатр дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсии ш. Душанбе 20.04.2019 12:42
Ҳозирини гиромӣ! Рӯзи пойтахт ва ифтитоҳи амфитеатри зебову муосирро дар боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ба кулли сокинони шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ табрик гуфта, ба меъморону сохтмончиён барои заҳмати софдилонаашон миннатдорӣ баён менамоям. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ва боз ҳам ободу зебо гардонидани маркази...
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 20.04.2019 12:40
Муҳтарам аҳли маорифи шаҳри Душанбе! Омӯзгорон ва хонандагони азиз! Имрӯз ба ифтихори Рӯзи пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як муассисаи нави таълимиро ба кормандони соҳаи маорифи шаҳр, устодону омӯзгорон ва хонандагон табрик гуфта, ба шогирдони ин боргоҳи илму маърифат хониши хубу аъло, одобу ахлоқи ҳамида ва ба аҳли маориф дар ҷодаи таълиму тарбияи насли...
Ифтитоҳи Амфетиатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ 20.04.2019 12:11
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода,...
Оғози корҳои навсозии “Комбинати орди Душанбе” 20.04.2019 12:09
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд. Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди...
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 20.04.2019 12:05
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ ошно шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур...









