Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ! Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳафтоду чор сол сипарӣ мешавад. Ва имрӯз сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро...
Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2019 10:18, шаҳри Душанбе
9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Оид ба омодагии ҷузъу томҳо...
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 05.05.2019 07:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз! Фардо барои мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.04.2019 19:33, шаҳри Душанбе
30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд. Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири...
Боздид аз Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019” 28.04.2019 17:54
Нимаи дуюми рӯзи 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019”-ро тамошо карданд. “ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин-2019” таҳти унвони “Ҳаёти сабз-манзили зебо” 162 рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки 16...
Муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин 28.04.2019 15:39
Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид. Дар ин вохурӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии “Тоҷикон дар оинаи таърих” доир шуд. Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи...
Мулоқот бо Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан 28.04.2019 15:02, Чин
28 апрел дар шаҳри Пекин дар доираи сафари корӣ ва иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Академия самимона истиқбол гирифтанд....
Мулоқот бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан 28.04.2019 14:48, Чин
28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Форуми дуюми сатҳи баланди ҳамкориҳои байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва Ҳукумати Чин барои даъват ҷиҳати...
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 28.04.2019 11:33, Чин
28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд “Як камарбанд, як роҳ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин мавриди...
Баёнияи муштараки Мизи мудаввари сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” қабул гардид 27.04.2019 19:15, Чин
Дар фарҷоми кори Форум Баёнияи муштараки Мизи мудаввари сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” қабул гардид. Он аз дебоча, шаш қисм, 38 банд ва замима иборат мебошад, аз ҷумла қисмҳои: таҳкими синергияи сиёсати рушд, тақвияти ҳамбастагии инфрасохторӣ, пешбурди рушди устувор, таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, пешбурди табодули одамон. Дар Баёнияи...









