Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаи сабз» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар...
Истиқбол дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 11:10, ноҳияи Балҷувон
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосор ташриф оварданд. Дар деҳаи Шайдон сокинони ин минтақаи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро бо ихлосмандии зиёд ва муҳаббату самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти...
Ба истифода додани тарабхонаи «Насими Балҷувон» 06.08.2019 11:09, ноҳияи Балҷувон
6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон» -ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор аз оилаи Неъматовҳо сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Тарабхона аз...
Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 11:07, ноҳияи Балҷувон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқот намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки...
Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 09:05, ноҳияи Балҷувон
Ҳамватанони азиз! Намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувон! Аз мулоқоти мо бо шумо – мардуми ватандӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Балҷувон ду сол сипарӣ шуд. Ва имрӯз дида мешавад, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинони ноҳия, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша ноҳияи нисбатан ҷавони Балҷувон хеле ободу зебо гардидааст. Пешрафти ноҳия ва беҳтар шудани...
Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 06.08.2019 08:28, ноҳияи Балҷувон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ, толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони ин минтақаи дурдаст тақдим намуданд. Сипас Сарвари давлат бо ворид шудан ба толор...
Ба истифода додани бинои хобгоҳ дар назди Мактаб интернати №1 -и ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 08:18, ноҳияи Балҷувон
Дар доираи сафар корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. Бинои хобгоҳи тозабунёд 4 ошёна буда, дорои 36 ҳуҷра ва 450 кати хоб мебошад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои он дорои...
Ба истифода додани бинои боғчаи кӯдакон дар ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 08:13, ноҳияи Балҷувон
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ иборат...
Ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 08:08, ноҳияи Балҷувон
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасонии «Гулдастон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қоргоҳи мазкур аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст. Дар ин ҷо занону бонувони чирадасти ноҳия, ки маҳорати хуби дӯзандагӣ доранд, дар баробари оне, ки ба кор ҷалб гардидаанд, ҳамчунин барои омӯзонидани ҷавондухтарон...
Ба истифода додани бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон 06.08.2019 08:07, ноҳияи Балҷувон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон, дар шафати гулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои мазкур дар доираи таҷлили...









