Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинони ноҳия ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти...
Ифтитоҳи бинои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:16, ноҳияи Ховалинг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Ховалинг бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияро ифтитоҳ намуданд. Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти...
Ифтитоҳи шуъбаҳои нав дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:15, ноҳияи Ховалинг
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мебошад....
Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:13, ноҳияи Ховалинг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ, гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муариффӣ гардид. Инчунин дар намоишгоҳ лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии...
Ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонон дар маркази ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:12, ноҳияи Ховалинг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг бинои нави Маркази ҷавононро, ки дар масоҳати умумии 1200 метри мураббаъ, ки бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, бо бардоштани парда аз болои лавҳа, ифтитоҳ намуданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, аз ҷониби...
Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:11, ноҳияи Ховалинг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон инчунин майдончаи хурди варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:10, ноҳияи Ховалинг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳамчунин бо бардоштани парда Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур бо назардошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо...
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоӣ бо рафти парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1»-и ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 10:08, ноҳияи Ховалинг
Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» дар деҳаи Доробии Деҳоти Ҷомбахт шинос шуданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи меҳнати сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар заҳматкашони ноҳияи Ховалинг ба таври...
Ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 08:02, ноҳияи Ховалинг
Дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтааст. Лоиҳаи сохтмон аз тарафи Корхонаи воҳиди...
Ба истифода додани маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Ховалинг 07.08.2019 08:01, ноҳияи Ховалинг
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лоҳутии деҳоти Лоҳутӣ Маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 метри мураббаъ қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои Маркази хизматрасонӣ дар доираи эълон шудани солҳои...









