Субҳи рӯзи 14-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вазъияти тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд. Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз...
Маросими ба истифода додани бинои маъмурии Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон 14.09.2018 08:54, шаҳри Хоруғ
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд. Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо...
Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13.09.2018 12:57, ноҳияи Мурғоб
Ҳамватанони азиз! Пеш аз ҳама, ба шумо – намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Мурғоб барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуда, кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни бисту ҳафтсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва дар талошҳои ҳаррӯзаатон барои ободии ноҳия ва пешрафти сарзамини муқаддасамон...
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоб 13.09.2018 12:52, ноҳияи Мурғоб
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд. Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ...
Ифтитоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб 13.09.2018 12:50, ноҳияи Мурғоб
Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуданд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз соли 1932 таъсис ёфта, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро...
Ифтитоҳи Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб 13.09.2018 12:47, ноҳияи Мурғоб
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Бояд тазакур дод, ки сокинони...
Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Мурғоб 13.09.2018 12:45, ноҳияи Мурғоб
Субҳи рӯзи 13-уми сентябр дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб...
Ифтитоҳи бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12.09.2018 13:25, шаҳри Хоруғ
12 сентябр дар маркази шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити...
Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ 12.09.2018 12:46, шаҳри Хоруғ
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти “Бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ” иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 1.0 гектар замин...
Истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ 12.09.2018 12:19, шаҳри Хоруғ
Рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳр меҳмони олиқадрро сокинони касбу кори гуногун, хонандагону донишҷуён бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.









