11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба...
Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон 08.10.2018 11:50, шаҳри Душанбе
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7-9 октябри соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиғаҳои хосса ва васеъ мулоқот анҷом доданд. Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии...
Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд 08.10.2018 11:45, шаҳри Душанбе
Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, Сараввал аз номи худ ва мардуми меҳмоннавози тоҷик боз як бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Шри Рам Натҳ Ковинд ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикстон хайрамақдам мегӯям. Ҷониби Тоҷикистон ин сафари Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустонро идомаи муколамаи байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар медонад. Мулоқоту музокироте, ки имрӯз мо...
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ҳиндустон 08.10.2018 11:42, шаҳри Душанбе
Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба кишвари меҳмоннавози мо хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки ин ташриф ба Тоҷикистон ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди...
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон 08.10.2018 09:58, шаҳри Душанбе
8 октябри соли 2018 дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид. Ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд....
Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония 05.10.2018 16:30, Япония
Бо даъвати Ҳукумати Япония дар санаи 3-5 октябри соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Япония баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аҳаммияти “Изҳороти муштарак доир ба шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония”, ки зимни сафари расмии Сарвазири Япония ба Тоҷикистон дар октябри соли 2015...
Изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Япония Синдзо Абэ 05.10.2018 16:27, Япония
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум, Ҷанобон ва хонумҳо, Кишвари ба мо дӯсти Япония дар силсилаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой ва мақоми муҳим дорад. Сафари имрӯзаи мо идомаи мантиқии муколамаи сиёсии ҷонибҳо дар сатҳҳои олиӣ ва баланд мебошад, ки тайи солҳои охир хислати мунтазам пайдо кардааст. Ҳадафи асосии он арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону...
Маросими истиқболи расмии Президенти Тоҷикистон дар Дафтари Сарвазири Япония 05.10.2018 14:49, Япония
5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дафтари Сарвазири Япония баргузор шуд. Ба хотири истиқболи расмии меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буд....
Боздид аз Боғи миллии Шинҷуку (Shinjuku Gyoen National Garden) 05.10.2018 14:07, Япония
Рӯзи 5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Япония дар шаҳри Токио аз Боғи миллии Шинҷуку боздид ба амал оварданд. Боғи Шинҷуку бо якчанд боғи дигар дар ҳудуди шаҳрҳои Шинҷуку, Сибуя ва Токио ҷойгир аст. Он соли 1906 дар ҷойи бӯстонсаройи Даимё-Наито,...
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 05.10.2018 12:24
5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ карда, аз натиҷаи сафарҳои ҷавобии давлатӣ, имзои санадҳои нав, хоҳишу талошҳои мардумон барои таҳкими дӯстию бародарӣ, вазъи...









