10 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Мӯъминобод”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю...
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод 10.09.2019 13:39, ноҳияи Мӯъминобод
Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, “Нуралишо Назаров”, “Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия...
Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон 10.09.2019 11:26, ноҳияи Мӯъминобод
Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Сафари навбатии мо ба ноҳияи Мӯъминобод ба рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги Ватани азизамон — Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат мардуми меҳмоннавози ноҳияи Мӯъминобод ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям. Имрӯз мо бо вазъи рушди ноҳияи Мӯъминобод аз наздик шинос шуда, итминон ҳосил кардем,...
Боздид аз Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод 10.09.2019 11:21, ноҳияи Мӯъминобод
Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Муъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази дид гузоштанд. Хоса бонувони чирадаст навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси...
Ба истифода додани бинои Меҳмонхонаи «Муъминобод» дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод 10.09.2019 11:18, ноҳияи Мӯъминобод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳия Меҳмонхонаи «Муъминобод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои Меҳмонхонаи «Муъминобод» дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои...
Гузоштани санги асоси Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод 10.09.2019 11:15, ноҳияи Мӯъминобод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳамчунин ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд. Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд”...
Ифтитоҳи Майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Муъминобод 10.09.2019 08:40, ноҳияи Мӯъминобод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ- 28- умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ...
Ифтитоҳи Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод 10.09.2019 08:38, ноҳияи Мӯъминобод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб расман оғоз бахшиданд. Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд...
Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Муъминобод 10.09.2019 08:35, ноҳияи Мӯъминобод
10-уми сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд. Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шуданд. Дар бинои хуштарҳу...
Оғоз бахшидан ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб 10.09.2019 07:41, ноҳияи Мӯъминобод
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод» шурӯъ гардид. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»...









