22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд. Аз ҷониби Пешвои миллат агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт мавриди истифодабарӣ...
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Бохтар 22.09.2020 11:39, шаҳри Бохтар
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони шукргузори маркази вилоят самимона истиқбол гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари...
Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритус 22.09.2020 09:22, ноҳияи Шаҳритус
22 сентябр дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчам ва Нишони давлатиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Баландии Парчам якҷо бо сутунпояаш 53 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 14 бар 7 метр мебошад....
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шаҳритус 22.09.2020 09:21, ноҳияи Шаҳритус
Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо варзишгарони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар...
Истиқбол дар варзишгоҳи Пахтакори ноҳияи Шаҳритус, боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов”, “Ҳомид” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 22.09.2020 07:54, ноҳияи Шаҳритус
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам...
Суханронӣ дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба ҷашни 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид 21.09.2020 21:54, шаҳри Душанбе
Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон! Имсол мо 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирем. Дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад. Фаъолияти ин Созмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи...
Паёми видеоӣ дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид 21.09.2020 21:49, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи видеоконференсия дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири...
Суханронӣ дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ 21.09.2020 15:23, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар видеоконференсия бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, суханронӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳамчун шахсияти боматонат, таҳаммулгаро,...
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистона дар шаҳри Ҳисор ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл 18.09.2020 12:49, шаҳри Ҳисор
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи “Шаршара”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот намуданд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншоот дорои 700 ҷойи нишаст буда, он барои баргузории тӯйю...
Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 18.09.2020 12:48, шаҳри Ҳисор
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кории худро ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву...









