Шуъбаи модар ва кӯдак
Шуъбаи модар ва кӯдак муассисаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта дар бинои замонавии 6 ошёна дар ошёнаи 2-ум дар блоки 8-уми ҷойгир буда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷъаҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи модар ва кӯдак ҳамчун шуъбаи махсусгардонидашуда ба ҳисоб рафта дорои 9 ҳуҷраи ду нафараи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои навтарини тиббӣ мебошад. Аз ҷумла як ҳуҷра бо ҳамом ва ҳоҷатхона, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи тамизгардонӣ, боғӣ зимистона, ошхона, ҳуҷраи мудири шуъба, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи ҳамшираи калон, ҳуҷраи хоҷагидор, либосҷои мардона ва занона. Мудири ин шуъба, духтури собиқадор Маҳмудова Гулру мебошад. Инчунин дар шуъба 1 духтури ординатор, 2 табиби неонотолог, 4 акушери дараҷаи олӣ, 4 ҳамшира дараҷаи олӣ, 1 саракушер, 1 ҳамшираи синамаконӣ, ба беморон хизмат мерасонанд.
Дар шуъбаи тамоми муоинаҳои лабараторӣ, гузаронида мешавад. Аз тарафи мудири кафедра, профессору дотсентон ва асистентони кафедра ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва шанбе гардиши ҳафтаинагӣ гузаронида шуда дастуру тавсияҳои клиникӣ дар барномаи табобатии беморон ҳамарӯза истифода бурда мешавад.