Имрузҳо техника ва технологияҳои соҳаи тиб ба маротиба пеш рафта кори табибонро осон гардонидааст. Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” авалин маротиба ҷарроҳии сар бо истифода аз таҷҳизоти лавҳаи титанӣ гузаронида шуд. Ин таҷҳизоти нодир, ки истеҳсоли Беларусия ба ҳисоб меравад барои пушонидани ҷои осебдидаи сар ниҳоят қулай ва манфиатбахш аст. Пештар ин гуна ҷарроҳиҳо гузаронида мешуд, вале қисмати осебдидаи сарро бо таҷҳизотҳои протокрил ва палокос мепушониданд. Табибон иброз доштанд, ки таҳизоти лавҳаи титанӣ нисбат ба таҷҳизотҳои протокрил ва палокос манфиатбахш буда ба дигар узвҳои сар зарар намерасонад. Ин ҷарроҳи мудати ду соат давом карда бо мувоффаққият анҷом ёфт.