Лозим ба ёдоварист, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар як вақт бо қабули Конститутсия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор бевосита аз ҷониби халқ ҳамчун Президенти кишвар – сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) интихоб гардид ва бо ин интихоби тақдирсоз роҳи дурахшон ва ваҳдату якдилии миллат муайян карда шуд. Тавре равиши минбаъдаи воқеияти таърихӣ нишод дод маҳз ҳамин интихоб сабабгори пойдору побарҷо мондани давлати тоҷикон ва ваҳдати миллат гашт. Миллати тоҷик маҳорати роҳбарӣ ва кордонию сиёсатмадории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ду соли Раиси Шӯрои Олӣ буданаш эҳсос намуда, ӯро Президенти кишвар интихоб кард ва Пешвои худро дар ин рӯз бевосита ва бехато дарёфт намуд. Яъне маҳз ҳамон насли тоҷик, ки Конститутсияро қабул карда буд, нахустин маротиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ интихоб намуд. Маҳз ҳамин насли халқи тоҷик худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъулу вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуданд ва Конститутсияро қабулу эълон доштанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванде, ки дар интихобот ва раъйпурсии 6-уми ноябри соли 1994 иштирок намудааст, ба андешаи мо, дар кори пойдории давлати тоҷикон нақши муҳим гузошта, барои наслҳои минбаъда бояд шоистаи арҷгузориву қадршиносӣ бошад.

