Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Имруз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба 28 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи ботантана баргузор гардид.
Ҷаласа бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас Акбаров Сайаъзам раиси иттифоқи касабаи Маҷмаа меҳмонони дар ҷаласа ҳузурдоштаро ба ҳозирин шинос намуданд.
Дар ҷаласа муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе — Шукурзода Саодат Нусратулло, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе — Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ — Ғафорзода Юсуф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ маҳз бо кушишу ҷонгусориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқи азизи кишвар ба даст омад.
Аз ин ру мо бояд ин Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва баҳри боз ҳам пешравиву сулҳу суботи кишвари хеш камари ҳиммат бандем.
Дар фарҷом бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба як зумра кормандон ва мутахассисони Маҷмаа барои фаъолияти пурмасъулашон сипосномаҳову ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.