Имруз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии футбол маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Меҳмононро раиси Иттифоқи касабаи муассиса Акбаров Саидаъзам ба ҳозирин муаррифӣ намуда, хайрамақдам гуфт.
Дар маҷлиси татанавӣ Абдуллозода Муҳамадшо котиби Кумитаи генералии миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Забирзода Олимҷон роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Ҷурабек раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву дониш азхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳиссиватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.
Дар заминаи ташаббуси Президенти кишвар аз 22-юми майи соли 1998 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб дар кишвар 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хосса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, Ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии кишвар 22-юми декабри соли 2016 ба масъалаи саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи кунунии Тоҷикикстон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ин Пешниҳоди Пешвои миллат дар байни мардум гарм пазироӣ шуда, ҳамовозии кули сокинони кишварро пайдо кард.
Дар охир ҷавонони фаъоли Маҷмаа аз тарафи Кумитаи генералии миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва маъмурияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон як зумра ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд.