МОДАР — САРЧАШМАИ ҲАЁТ!

МОДАР — САРЧАШМАИ ҲАЁТ!

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бо як шукӯҳу шаҳомати хосса Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд.

Ҷамъомадро директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илми тиб, дотсент Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуда, модарону бонувони Маҷмаа ва дар шахсияти онҳо тамоми модарону бонувони кишварро бо ин ҷашни зебоиву садоқат муборакбод намуданд.

Директори маҷмаа иброз намуданд, ки вақте вожаи муқаддаси Модарро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмӯъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ситоишу тавсифи зан чунин андешаронӣ кардааст: «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст». Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, меҳрубон, ғамхор, дуогӯ, мушфиқ, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – дар самти баргузории барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занон ва бонувони тоҷик дастгирии беандоза намудааст.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои кишвар қавитар гардид. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти рақами №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ҳамин Фармон аз 1 марти соли 2005, таҳти №89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амали гардонидани онҳо» ба тавсиб расиданд.

Имрӯз аз ҳисоби занону духтарон кормандони олитахуссус хеле зиёд ба чашм мерасад, ки дар сохтор ва соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекунанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6-уми марти соли 2009 8-уми март «Рӯзи Модар» эълон гардид. Ин як падидаи тозае дар ҳаёти бонувони кишвар буд. Бонувон низ дар навбати худ аз ин иқдом ва ташаббусҳои сарвари давлат пуштибони намуда ҷавобан дар пешрафти кишвар ва суботу осоиштагӣ маҳорату донишҳои худро истифода мебаранд.

Дар Маҷмааи тандурустии Истиқлол низ модарону хоҳарон дар пешрафти фаъолияти Маҷмаа ва баҳри пешравии соҳаи тандурустии кишвар заҳмат мекашанд, ки ин ифтихорӣ мо ҳамкорон аст.

Дар хотима қайд гардид, ки Рӯзи Модар ҷашни меҳру садоқат, ҷашни ҳаёт ва ҷашни инсонгарӣ мебошад. Бигзор ҳамеша модарон сиҳату саломат бошанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намоянд.