ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИИ РОЙГОН БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББИИ РОЙГОН БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки он ҳар сол 7-уми апрел қайд карда мешавад, имсол дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” чорабиниҳои вобаста ба ҳифзи солимии ахолӣ аз 6-ум апрел оғоз гардид.
Дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба сокинон хизматрасониҳои тиббӣ ройгон ба рох монда мешавад.
Ба ин муносибат дар қатори дигар муассисаҳои тандурустӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” низ ба шаҳрвандони кишвар хизматрасонии тиббии ройгон пешниҳод гардида истодааст.
Шаҳрвандони азиз метавонанд ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ташриф оварда, аз муоина, маслиҳат ва табобати мутахассисони варзидаи Маҷмаа ройгон истифода намоянд.