Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) сил (туберкулёз)-ро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номида, ба андешидани тадбирҳои фаврӣ барои мубориза бо он даъват намуд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин созмон, бо вуҷуди кӯшишҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии паҳншавии беморӣ, танҳо соли 2017-ум 10 миллион нафар гирифтори бемории сил гардида, 1,6 миллион нафар...
Таҷлили рӯзи касбии табибон дар МТИ 16.08.2018 09:00 шаҳри Душанбе
Шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 18 август зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ, “Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Кормандони муассиаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба муносибати ҷашни мазкур ҷаласаи тантанавӣ доир намуданд. Ҷаласаи тантанавии кормандон дар толори маҷлисгоҳи маҷмааи тандурустии “Истиқлол” баргузор гардида, дар...
Рӯзноманигорони Ӯзбекистон аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»дидан карданд. 09.08.2018 шаҳри Душанбе
Ҳайати хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, рӯзи 9-уми август расо соати 15:00 ба Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ташриф оварда, аз рафти хизматрасонӣ ва ҳуҷраҳои ташхисию табобатии ин кохи шифо дидан намуданд. Рӯзноманигоронро дар саҳни Маҷмаа роҳбарият ва шахсони масъул истиқбол гирифтанд. Сипас, онҳо аз ин кохи шифо тамошо карда, аз...
Дар Душанбе зимни конфронс масъалаи таъмини аҳолӣ бо ғизои солим матраҳ шуд Июн 28, 2018 15:34
Беҳсозии вазъи ғизову саломатии аҳли ҷомеа ва пешгирии воридоти маводи пастсифату зиёновар дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ ва таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот ба...
Дар ноҳияи Рӯдакӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии бемории ВНМО ба кор шурӯъ намуд Июн 28, 2018 12:06
Дар Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва баҳри пешгирию муқовимат бо ВНМО ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони ташкилоту муассисаҳо, рӯҳониён ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок карданд. Тибқи иттилои...
Дар Душанбе мушкилоти йоднокгардонии намак дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
«Нақши ВАО дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар Душанбе бо ибтикори Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Одам» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии «Тоҷикстандарт», Хазинаи кӯдакони СММ...
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку 19.06.2018 18:40
Нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Мукофоти олиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич...









