Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат — 28 апрел аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини ҳифзи меҳнат, шароити бехатарии меҳнат, ҷорӣ намудани низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда, ҳифзи саломатӣ ва барқароркунии қобилияти кории кормандон дар равандӣ меҳнат, Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян гардиданд. Шароити муносиби корӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон аз рӯзҳои аввал ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат дарҷ гардидаанд. Тибқи Конститутсия, «ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад».