Дар доираи густариши Шўрои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, рузҳои 23 то 24 майи соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи аввалини Кумитаи Академии “Маркази Ҳамкории Чин ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба бемориҳои метаболикӣ” баргузор гардид. Аз ҷониби даъваткунандагон дар кори ҷаласа расман 2 нафар намояндагони Тоҷикистон: Пулотов К.Ҷ. – мудири шуъбаи даруннигарб н.и.т. ва Наҷмудинов Ҷ. — мудири шуъбаи эндокринологияи қисми калонсолон ҷаласа ширкат варзиданд.
Инчунин дар кори ҷаласа намояндагони давлатҳои: Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Федератсияи Россия, Белорусия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Монголия, Лаос, Египт ва Баҳрайн иштирок ва бо маъруза баромад намуданд.
Дар маросими кушодашавӣ профессор Нинг Гуан, аъзои Академияи муҳандисӣ ва Президенти беморхонаи Жуйсини дар заминаи Донишгоҳи тиббии Шанхай ба номи Цзяо Тонг суханронӣ намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби н.и.т. Пулотов К.Ҷ. маърўза (рунамо) дар мавзўи: “Масъалаҳои мубрами бемориҳои метаболикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид.
Бояд қайд намуд, ки Марказ аввалин платформа барои омўзиши бемориҳои метаболикӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода шудааст ва Кумитаи Академии он маркази ягонаи таҳлилии олии тадқиқоти бунёдӣ ва клиникӣ, таълими тиббӣ, системаи нигоҳубини тандурустӣ, навовариҳои биотиббӣ, ки ҳамаи он бо истифода аз технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ сурат мегирад, ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади мубодилаи таҷриба иштирокчиёни ҷаласа аз беморхонаи Жуйсини дар заминаи Донишгоҳи тиббии Шанхай ба номи Цзяо Тонг ва Маркази миллии табобати стандартикунонии бемориҳои метаболикӣ ва озмоишгоҳи “микробома”-и зеҳни сунъӣ, маркази табобати радиологии (протонӣ) омосҳо дидан намуданд. Бояд гуфт, ки дар баробари боздид аз марказҳои мазкур ҷонибҳо дар самти ташхису табобати бемориҳои метаболикӣ мубодилаи таҷриба намуда, ҷиҳати омухтани муваффақият ва дастовардҳои навтарини технологияи рақами ва зеҳни сунъӣ, ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобати бемориҳои метаболикӣ дар ин бахши муҳими соҳа ҳамкориро ба роҳ монданд.




