Ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026

Ҷамъбасти фаъолияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026

Имруз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷаласаи Шӯрои тиббии муассиса “Оид ба таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолияти Маҷмааи тандурустии Истиқлол дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026” баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илми тиб, дотсент Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуданд.

Муҳтарам Раёсат, аъзоёни шурои тиббӣ, ҳамкасбон ва ҳозирини гиромӣ!

Иҷозат фармоед натиҷаҳои мухтасари фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқол”-ро  дар соли 2025 манзури Шумо намоям.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” имрӯз фарогири тамоми шароитҳои мусоиду муосир аст ва имкон дорад ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ новобаста аз қавму нажод, синну сол ва сатҳи зиндагӣ хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад. Чун Пешвои муаззами миллат солимии ҷомеаро солимии давлат арзёбӣ менамоянд, мо бо ҷамъи табибони табобатхона кушиш ба харҷ медиҳем дар шифои беморон, ки ҳар яке аз онҳо узви ҷомеаанду рушди кишвар ба фаъолияти густурдаи онҳо вобаста аст, саҳм бигирем.

Бояд қайд намуд, ки Маҷмаа бо назардошти шароиту имкониятҳои замонавӣ бунёд гардида, аз ташхисгоҳи таъмин бо таҷҳизоту озмоишгоҳҳои муосир, қисми хизматрасонии тиббӣ ба калонсолон, қисми ҷарроҳии кӯдакона, қисми бемориҳои соматикии кӯдакона, таваллудхона, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, кӯдакону навзодон, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии пайваст бо интернет иборат мебошад.

Маҷмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамоӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва 75 фисади иқтидори Маҷмаа ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.  Дар қисми таваллудхона 100 кати табобатӣ барои модарон ҷудо гардида, тамоми шароитҳои зарурӣ   фароҳам оварда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар қисми таваллудхона тақрибан дар як сол то даҳ ҳазор тифл бо таваллуди физиологӣ ба дунё меоянд ва ба писарони дар давраи бистарӣ қарордошта амалиёти хатна гузаронида мешаванд.

Имрӯз дар Маҷмаа имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҳангоми таваллуди навзодон бо нуқсонҳои модарзодии вазнин, ки дар соатҳои аввали ҳаёт гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳии мураккабро тақозо менамояд, амалӣ карда шавад.

Дар таваллудхона, қисми соматикӣ, қисми ҷарроҳии кӯдакони ва ташхисгоҳи Маҷмаа дастгоҳҳои сайёр аз қабили рентгени рақамии мобилӣ, таҷҳизот ва катҳои махсуси нигоҳдорӣ ва интиқоли кӯдакони навзоди камвазн, ташхиси ултрасадои модар ва ҷанин ҳангоми ҳомиладорӣ ва ғайра мавҷуданд.

Ҳамчунин, дар утоқҳои махсусгардонидашуда, амалиётхонаҳо, шуъбаҳои эҳё барои будубоши модару кӯдак тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Бо шарофати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кӯтоҳтарин муддат тибби тоҷик дар қатори пешрафтатарин давлатҳо қарор гирифта, имрӯз ташхис ва муолиҷаи вазнинтарин бемориҳо дар қаламрави кишвар имконпазир гардидааст. Ҳамчунин, таи солҳои охир ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҳамтоҳои бурунмарзии мо мустаҳкам гардида, дар кушодани гиреҳҳои мушкилот аз таҷрибаи ҳамдигар истифода менамоем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба  Маҷмааи тандурустии Истиқлол таҷҳизоти муосири ташхису табобатӣ ворид карда шудааст, ки он таҷҳизотҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосири ҷаҳон дар ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия истеҳсол гардида,  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва насб гардидаанд.

Воқеан  солҳои қаблӣ барои муоина ва муайян кардани беморӣ рӯзҳои зиёд сарф мешуд. Имрӯзҳо бошад, пешравиҳои зиёд дар ин самт дида мешавад, ки ҷойи баҳс нест. Агар танҳо бартарияти дастгоҳҳои ин муассисаро қайд намоем месазад иброз дошт, ки онҳо бамаротиб кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан, мутахассисони шуъбаи ангиография ҳамарӯза амалҳои ҷарроҳиро дар беморони мубталои бемориҳои ишемиявии дил ва нуқсонҳои модарзодии дил бе буридани қафаси сина ва пайваст кардани дастгоҳи хунгардиши сунъӣ амалӣ менамоянд.

Дастгоҳҳои муосири томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ бошад, дар муддати кӯтоҳ беморро аз ташхис гузаронида, барои ташхиси саривақтӣ ва муолиҷаи беморон мусоидат менамояд. Услуби маммографияи рентгенӣ дар мавриди гузоштани ташхиси бемориҳои ғадуди ширӣ ва саратонӣ аҳамияти калони амалиро молик мебошад.  Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё патологии   зичии бофтаҳои устухониро аз ташхис мегузаронанд.

Дар ташхисгоҳи Маҷмаа беморон имкон доранд аз ташхиси томографияи магнитӣ-резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ ва акси мамографӣ гузаранд. Таҷҳизоти мазкур ҳамагуна нуқсу бемориҳоро дар давраи бармаҳал метавонад ошкор намояд. Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхиси рентгенӣ мегузаронад.

Озмоишгоҳҳоии клиникӣ ва биохимиявӣ яке аз ҷузъҳои муҳими ташхисгоҳи муассиса маҳсуб меёбад, ки таҷҳизоти муосири он дар як вақт якбора имкон дорад 96 амалиёти ташхисиро иҷро намояд. Дар ташхисгоҳи Маҷмаа таҳлили ҳама нишондиҳандаҳои клиникиву биохимиявӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар шуъбаи мазкур озмоишгоҳи вирусологӣ ва бактериологӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст.

Имрӯз мо духтурони дилшиноси дараҷаи олӣ ва асбобҳои махсуси дақиқсанҷ дорем, ки бемориро муайян менамояд ва то сатҳи зарурӣ илоҷи табобаташро низ дармеёбад. Лозим ба ёдоварист, ки кормандони шуъбаи ҷарроҳии дил, ки аксарият курсҳои такмили тахассусиро дар Ҷопон, Олмон, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия гузаштаанд, дар ҳамкорӣ бо ҷарроҳони Ҷумҳурии Мисри Араб ва Кореяи Ҷанубӣ аввалин шуда дар кишвар амалҳои ҷарроҳии душвори ба як шунт пайваст намудани ду ва се шараёни коронарӣ, амалиёти ҷарроҳии муштараки таъвизи дарғот бо шунтикунонии коронарӣ ва атрезияи шараёни шуширо бомуваффақият амалӣ намуданд.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хориҷи кишвар нарафта, дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиистон ва ибтикори бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кӯдакони мубталои душвортарин нуқсонҳои модарзодии дил аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Ҷиҳати таҷрибаомӯзии табибони ҷавон ва таъмини беморхонаҳо бо кадрҳои тахассусӣ  гуфтанӣ ҳастем, ки Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар он фаъолияти 21 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ роҳандозӣ шудааст, ки донишҷӯён ва устодони соҳаи тиб аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода мебаранд.

ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар соли 2026 вазифа гузоштааст, ки вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа якчанд пешниҳодҳоро амалӣ намояд:

Амалигардонии дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025.

Дар сатҳи баланд ташкил  ва  гузаронидани  чорабиниҳои идонавӣ бахшида  ба иди  байналмилалии Наврўз ва ҷашни 35- солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба   10-солагии МД Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”.

Амалӣ гардонидани системаи муосири идоракунии иттилоотӣ (СИИ), тавсеаи рақамикунонии системаи тиббӣ, вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”.

Ворид намудани технологияҳои инноватсионии ташхис ва табобати эндоскопӣ дар мавзеи системаи панкреатобилиарӣ (эндоузи, стентгузории узвҳои ҳозима, аз ҷумла дар роҳҳои талхагузар ва маҷрои ғадуди зери меъда).

Рушди амалиётҳои каминвазивӣ дар ҷарроҳии ковокии батн, асаб, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, эндоваскулярӣ, шикастабандӣ  ва ортопедия бо назардошти дастрас, арзон ва босифат.

Таъмир ва азнавсозӣ бо лифтҳои замонавии мусофиркашӣ ва борбарории дар дохили маҷмаа фаъолиятдошта.

Таъмир ва бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин намудани таҷҳизотҳои гаронарзиш, аз ҷумла: томографҳои компютерӣ ва магнитию резонансӣ, “КТ” “МРТ”).

Таъмир ва тадриҷан иваз намудани камераҳои назоратии дохили биноҳо ва ҳудуди маҷмаа бо камераҳои назоратии сифаташон баланди замонавӣ.

Таъмин намудани шуъбаҳои ташхисию табобатӣ бо компютерҳои нави замонавӣ ва гузаштан ба рақамикунонии системаи тиббӣ дар қисмҳои ташхисӣ ва табобатии маҷмаа.