Вохурии судманд бо кормандони МТ Истиқлол.

Вохурии судманд бо кормандони МТ Истиқлол.

Дар асоси нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз бо иштикори гӯруҳи корию таблтғотии ҲХДТ  дар МД  «Маҷмаи тандурустии Истиқлол”, бо иштироки раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ Қурбонова Руқия,  собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Солеҳзода Ашур, инунин дигар  аъзоёни фаъоли ҲХДТ баргузор гардид.   Иштирокчинёни маҷлис дар бораи корнамоиҳои пешвои миллат ва ҳифзи муқаддасоти милли, Конститутсия ва Ваҳдату Истиқлолият баромад намуда, таъкид доштанд ки интихоби дурусти мо метавонад роҳи драхшони ояндаи моро муайян намояд. Дар рафти маҷлиси таблиғотии пеш аз интихоботӣ инчунин зикр шуд, ки сиёсати созандаву бобарори Пешвоӣ миллат  барои рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии сазовори мардум дар давраи ҳафт соли сипаригардида, ба таври шоиста амалӣ гардид.

— Рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 7 соли охир дар доираи барномаҳои ҲХДТ.
— Авлавиятҳо ва дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар марҳилаи нав
.       

— Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва индустриякунонии мамлакат.
— Рушди сайёҳи ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди кишвар
.  

— Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат дар марҳилаи нави рушд.
— Масъалаҳои таҳкими волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ
.
— Моҳият ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
.

Бахшҳои умдаи сиёсади муваффақи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар ҳафт соли сипаригардидаи солҳои 2013-2020 хуб амалӣ шуданд.  Зиндагии мардум ба маротиб боло рафт, мамлакат ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. 

Зикр шуд, ки рӯзи интихобот якдилона ба участкаҳои интихоботӣ рафта ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудани ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раъй дода, дар рушди минбаъдаи кишвар саҳм гузоранд.