Дируз санаи 02.05.2025 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” оид ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Муродзода Сабзалӣ вохурии кормандони Маҷмаа бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохурӣ сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзода ва нозири калони раёсати мазкур Ҳамдамзода Садриддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромади Муқимӣ Нигора Аминзода дарҷ гардид, ки Воқеан коррупсия падидаҳои манфии ҷаҳони муосир ва мушкилоти сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардида, ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳаёти ҷомеа падидаи нав набуда, он таърихи тӯлонӣ дорад ва сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва дараҷаи тараққиёт давлатҳоро фаро гирифтааст, ки он имрўз танҳо аз рўӣ миқёс тафовут менамояд.
Таърихи башарият гувоҳи он аст, ки новобаста аз чораҳои қабулнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва саъйю кўшиши давлатҳо, айни ҳол коррупсия дар арсаи байналмилалӣ ба тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти миллӣ ва тараққиёти иҷтимоию иқтисодии давлатҳо амалан таҳдид менамояд. Ин зуҳуроти номатлуб ба фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва самаранокии идоракунии давлат таъсири манфӣ расонида, рушди босуботи иқтисодию сиёсии кишварҳоро халалдор менамояд ва дастрасии аҳолиро ба таълим, тарбия ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ аз байн бурда, нобаробарии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки воситаи асосии муқовимат ба коррупсия на иҷрои амалҳои расмӣ, балки татбиқи воқеии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамзамон намунаи ибрати шахсӣ дар риояи қонунгузории зиддикоррупсионӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти оқибатҳои манфии коррупсия дар устуворӣ ва идоракунии давлат, поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодиёти кишвар, мубориза бо ин амали номатлубро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бо ин падидаи хатарнок ва таҳдидкунанда ба амнияти ҷомеаро пурзўр карда истодаанд.
Боиси сарфарозист, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти ин масъаларо сари вақт дарк намуда, ҳанўз то замони рў овардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин падидаи номатлуб санаи 21 июли соли 1999 Фармони Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахўрӣ)» ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот санаи 10 декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав яъне, 25 июли соли 2005 ва 7 августи соли 2020 ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Ба ҳозирин ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ даъват ба амал оварда шуд.
Мавсуф оиди ҷой доштани тамаъҷӯӣ аз ҷониби баъзе мутахассисони соҳа, риоя нагардидани талаботҳои қарори 600-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, паст будани маданияти фарҳангии шаҳрвандон муфассал истода, дар охир баҳри тақвият бахшидан дар пешгирии рафтору ҳаракатҳои характери коррупсионӣ дошта супоришҳои конкретӣ пешниҳод намуд.
Нисбати шахсони ба гурӯҳҳои камбизоат дохилгардида, қайд гардид, ки ҳатман бояд дар маълумотномаи аз ҷои истиқомат оиди аъзо будан ба шахсони камбизоат гирифтаашон, символи қюардкод бояд дарҷ гардида бошад.
Оиди ташкил намудани банер, буклет, дастурамалҳо ва мондани оинаҳои (телевизор) ташвиқотӣ тақвият бахшидан ва зиёд намудани телефонҳои боварӣ ва ғайра тавсия дода шуд.
Дар охир аз тарафи намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва маъмурияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маърузаи пурмуҳтаво ва пешниҳоду дастурҳои муфид изҳори сипосу миннатдорӣ сурат гирифт.
Қайд гардид, ки чунин вохуриҳои судманд баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат менамояд.