Ваннаҳои маҳси зериобӣ

Ваннаҳои маҳси зериобӣ

Хизматрасонии нави табобати дар Маҷмааи тандурутии “Истиқлол” Ваннаҳои маҳси зериобӣ — гардиши хун, лимфа ва мубодилаи моддаҳоро дар организми инсон беҳтар намуда, хориҷшавии моддаҳои заҳролуд ва нолозимро аз организм метезонад, имунитетро баланд бардошта пустро тоза ва маҳин мегардонад, инчунин дар мубориза барои селюлит ва фарбеҳӣ ёри мерасонад, асабро ором намуда фишорро паст менамояд. Ваннаҳои гармро (37-38 дараҷа) дар бисёр ҳолатҳои патологии бадан ба хотири оромкунӣ, зиддиташаннуҷӣ ва ҳалкунии варамҳо истифода мекунанд. Ваннаҳои кӯтоҳмуддати салқин – аз бадан гармиро фурӯ бурда мубодилаи моддаҳоро хуб менамоянд. Онҳоро бо мақсади обутобдиҳии бадан истифода мекунанд. Ваннаҳои тафсон – гармиро дар бадан нигоҳ дошта мубодилаи моддаҳоро зиёд намуда гардиши хунро беҳтар менамоянд.