Вакилони Парлумон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карданд Декабр 5, 2018 11:45

Вакилони Парлумон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карданд Декабр 5, 2018 11:45

Имрӯз,  5 декабри соли 2018 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, қабул намуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои номбурда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар рӯзи Дониш — 1 сентябри соли равон баён доштанд, таҳия гардида буданд.

Зимни ин суханронӣ  Пешвои миллат нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода буданд, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ба ғайр аз ин дар ин суханронӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо зикр  гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки сабаби ба ҳар  гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.

Бояд гуфт, ки масъалаи ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё  истеҳсол кардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ба муомилот баровардани онҳо ташвиши асосноки Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.

Мувофиқи ҳисоботи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  дар  давоми ёздаҳ моҳи соли равон аз муомилот қариб як саду бисту ҳафт тонна  маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгў набуда нобуд карда шудаанд.

Аз ин ҳисоб қариб наваду панҷ тоннаи онро маводи доруворӣ ташкил медиҳад. Қариб 40 тоннаи маводи дорувории гирифташуда маводи муҳлати истифодаашон гузашта мебошанд.

Барои ин қонуншиканӣ беш аз панҷсад парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, аз ҳуқуқвайронкунандаҳо як миллиону сад ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Вале тадбирҳои андешидашуда натиҷаҳои назаррас надоданд.

Бинобар ҳамин тасмим гирифта шуд, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани ин кирдор пурзўр карда шавад.

Аз ҷумла, ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хўрокворӣ пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, андозаи ҷаримаҳои дар ин модда  пешбинишуда баланд бардошта шуда,  барои шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 40-50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 50-100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ  аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 100-200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ мегардад.

Инчунин ба ин модда қисми дуюм илова карда шуда, барои такроран, яъне барои дар давоми  як соли  баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдорҳои  дар боло зикргардида ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар пешбинӣ гардид.

Ҳамзамон ба моддаи 210Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, ҷазоҳои ҷиноятии пешбинӣ гардида,  пурзӯр карда шудаанд. Аз ҷумла, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон (қисми якуми  моддаи  2101) ҷарима ба андозаи  як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз панҷоҳ то сад ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул  шудан ба фаъолияти муайян  ба муҳлати то  се сол ё бидуни он таъйин карда мешавад.

Ҷазои ҷаримаи дар қисми дуюми моддаи номбурда пешбинӣ гардида низ ду баробар зиёд карда шуда, аз ду  ҳазор то чор ҳазор  нишондиҳанда барои ҳисобҳоро  (аз сад то дусад ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад. Ҳамзамон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуда, акнун аз панҷ то ҳашт  солро дар бар мегирад. Муҳлати ҷазои иловагӣ низ баланд бардошта шудааст.

Ҳамзамон ҷазои қисми сеюми моддаи болозикр  низ тағйир дода шуда, ба ҷои  аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ, акнун аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти табибон ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби табибон номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ пешбинӣ мекунад,  тағйирот ворид карда шуда, ҷазои дар қисми дуюм пешбинӣ гардида, ки аз се то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекард, ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол иваз карда шуда, ҷазои дар қисми сеюм пешбинӣ гардида (аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ)   аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум     сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.

Ҳамзамон моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда шуда, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемикӣ мушаххас ва пурзӯр карда  шудааст. Зарурати тағйирот дар ин қисм аз он сарчашма мегирад, ки вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемикӣ аз ҷониби кормандони баъзе соҳаҳои хизматрасон (аз ҷумла, сартарошҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн, холкӯбҳо, пирсинг ва ғайра)  сабаби пайдо шудани бемориҳои зиёди сироятӣ мегардад. Аз ҷониби кормандони зикргардида хавфи паҳн намудани Вируси норасоии масунияти одам, гепатитҳо ва дигар бемориҳо баланд арзёбӣ мегардад. Аз ин рў, ҷазои дар қисми якуми ин модда пешбинишаванда баланд бардошта шуда, ба моддаи кисми дуюм илова карда мешавад. Дар он ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои Вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад, пешбинӣ мегардад. Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.

Тағйироти воридкардашуда барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон равона гардидааст.