ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА.

ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА.

         Санаи 26 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маҷмаа ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро директори Муассиса Рустамзода Хуршед оғоз намуда, иброз доштанд, ки ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.

Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузошт.

Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки тоҷикон буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзанди содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъматӣ бебаҳо ва муқаддас ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намояд.

Вахдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, ҳастии инсон дар хар замину замон аст.

Бояд қайд кард, ки нақши Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар соҳаи тандурустӣ низ ба чашм мерасад, танҳо дар соли 2019 дар  Ҷумҳурӣ  105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Кулли мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният намуда, барояшон сиҳатмандии комил, бахту саодат ва пирӯзиҳоро таманно менамоем ва боварӣ дорем, ки ҳар яки мо баҳри амалигардонии сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри пешрафти Ватани маҳбуб ва пояндагиву ҷовидонии сулҳу субот бо ҳисси баланди ватандориву посдории муқаддасоти умумибашарӣ – сулҳу оромии тамоми сайёра заҳмат менамоем.